Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии онлайнии шоҳмот


Марворид Насриддинзода, шатранҷбози тоҷик.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии онлайнии шоҳмот, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон ҷараён дорад, бозиҳои худро 7-уми август оғоз мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷамшед Исоев, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Икроми Ҷалолиддин, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Марворид Насриддинзода, Сарвиноз Каримова, Меҳриддин Шарифов ва Рухшона Саидова дохиланд.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонии онлайнии шоҳмот ҳамагӣ 163 даста ва беш аз 1500 нафар шатранҷбозон иштирок мекунанд. Мувофиқи рейтинги Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ), дастаҳо ба дивизионҳо ҷудо шудаанд ва Тоҷикистон ба дивизиони севум шомил аст.

Мусобиқа охири моҳи июл дар дивизионҳои поин оғоз гардид. Чанде аз дастаҳо аз рӯйи натиҷаҳои рақобат дар дивизиони чаҳорум ба дивизиони севум роҳ пайдо карданд. Рӯзи 6-уми август қуръакашӣ доир мегардад. Дастаҳо даҳтоӣ ба панҷ зергурӯҳ тақсим шуда, аз 7-ум то 9-уми август тариқи реҷаи онлайн бо ҳам бозӣ мекунанд.

Се дастаи беҳтарин аз ҳар як зергурӯҳ ба дивизиони дувум роҳхат мегирад. Дастаҳо аз шаш нафар - се марду се зан ва ҳамин теъдод бозигарони эҳтиётӣ иборатанд. Ба ҳайати дастаҳо ҳатман як наврас ва духтари то 20-сола дохиланд. Бозиҳо дар онлайн-платформаи ҷаҳонии Chess.com баргузор мешаванд.

Бозиҳои шоҳмот бо тафсир ба забонҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла англисӣ, русӣ, испанӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ пахш мешаванд.

Бозиҳо то 23-юми август идома меёбанд. Дастаи ғолиб дар мусобиқаи нокаут-систем, ки аз 27-ум то 30-юми август доир мегардад, муайян хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG