Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ғалабаи пайиҳами "Соро компания" ва "Сипар" дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон


Бозиҳои даври севуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 2-юми август, баргузор шуданд. Мусобиқаи имсола бо ширкати шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – ҷараён дорад.

«Соро компания» бар «Муҳоҷир» бо ҳисоби 8:1 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Некрӯз Алимаҳмадов, ки се гол зад, хет-трик кард. «Сипар» дар майдони худ бар «Истаравшан» бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуд. Дар дастаи мизбон Иқбол Воситзода чор гол ба самар расонд.

Дар бозии дигар «Равшан» дар майдони худ “Самандар”-ро бо ҳисоби 10:5 шикаст дод. Ин аввалин пирӯзии «Равшан» аст. Се голи мизбононро Ҳотамшоҳ Раҳмонов ба ҳадаф расонд.

Аз рӯи натиҷагирии се даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» бо 9-имтиёзӣ пешсафанд.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқа рӯзи чоршанбе, 5–уми август, миёни дастаҳои «Самандар» – «Сипар», «Муҳоҷир» – «Истаравшан» ва «Соро компания» – «Равшан» баргузор мешаванд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 3-юм

«Сипар» – «Истаравшан» – 7:4

Голҳо: Иқбол Воситзода, 1 (1:0). Фаридун Расулов, 7 (1:1). Иқбол Воситзода, 13 (2:1). Бахтовар Ғафуров, 20 (2:2). Раҳмон Ҷӯраев, 26 – ба дарвозаи худ (3:2). Раҳмоналӣ Шарипов, 27 (4:2). Иқбол Воситзода, 31 (5:2). Иқбол Воситзода, 33 (6:2). Фаридун Расулов, 34 (6:3). Шаҳбоз Бобоҷонов, 37 (6:4). Дилшод Саломов, 39 (7:4).

«Равшан» – «Самандар» – 10:5

Голҳо: Ориф Меликов, 4 (0:1). Муҳаммад Тошев, 10 (1:1). Низом Маҳмаев, 15 – ба дарвозаи худ (2:1). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 18 (3:1). Фирдавс Тусматов, 21 (3:2). Ашраф Собитов, 24 (3:3). Фирдавс Тусматов, 26 (3:4). Акбар Маманазаров, 27 (3:5). Ориф Меликов, 28 – ба дарвозаи худ (4:5). Иброҳим Мирзоев, 30 (5:5). Рустам Зауров, 32 (6:5). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 33 (7:5). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 35 (8:5). Иброҳим Мирзоев, 38 (9:5). Даврон Ҳабибуллоев, 39 – ба дарвозаи худ (10:5).

«Соро компания» – «Муҳоҷир» – 8:1

Голҳо: Сиёвуш Қаюмов, 6 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 10 (2:0). Насим Шарипов, 15 (3:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 29 (4:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 30 (5:0). Вахтанг Кекелия, 31 (6:0). Муҳаммад Раҷабов, 34 (7:0). Комрон Алиев, 37 (8:0). Хуршеди Зайниддин, 40 (8:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

3

3

0

0

27-5

9

2

«Сипар» (Хуҷанд)

3

3

0

0

20-9

9

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

1

0

2

16-19

3

4

«Равшан» (Кӯлоб)

3

1

0

2

19-25

3

5

«Муҳоҷир» (Душанбе)

3

1

0

2

10-16

3

6

«Самандар» (Турсунзода)

3

0

0

3

13-30

0

Даври 4-ум

5 август (чоршанбе)

16:00 – «Самандар» – «Сипар»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Истаравшан»

18:00 – «Соро компания» – «Равшан»

XS
SM
MD
LG