Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" баъди пирӯзӣ бар "Эсхата" аз рақибонаш хеле пеш рафт


Дастаи "Равшан"-и Кулоб.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар бозии марказии даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвал боз ҳам мустаҳкам кард. «Равшан» бо 18 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

«Моҳир»-и Ёвон, ки дар даври ҳафтум дар майдони худ бар “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд, бо 14 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи дувум баромад. “Эсхата”, ки 12 имтиёз гирифтааст, як зина поин шуд ва дар ҷойи севум қарор дорад.

Дар ду бозии дигари даври ҳафтум «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 6:2 ва Ҳулбук”-и Восеъ бар дастаи меҳмон - «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат - бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Ду бозӣ миёни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Ҳосилот»-и Фархор - «Равшан»-и Зафаробод бо натиҷаҳои якхелаи мусовии 1:1 ба поён расид.

Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 6-уми август миёни дастаҳои «Шоҳмансур» – «Ҳулбук», «Исфара» – «Саройкамар», «Панҷшер» – «Моҳир» ва 7-уми август байни тимҳои «Равшан» (Зафаробод) – «Ваҳдат», «Эсхата» – «Барқчӣ» ва «Ҳосилот» – «Равшан» (Кӯлоб) баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 7-ум

«Равшан» (Кӯлоб) – «Эсхата» – 3:0

Голҳо: Далер Шомуродов, 8 – аз пеналтӣ (1:0). Далер Шомуродов, 49 – аз пеналтӣ (2:0). Саидамири Саидаҳмад, 86 (3:0).

«Барқчӣ» – «Панҷшер» – 1:1

Голҳо: Маҳмуд Ғаюров, 83 (0:1). Зуҳриддин Фузайлов, 90+6 (1:1).

«Ҳулбук» – «Ваҳдат» – 2:1

Голҳо: Суҳроб Асоев, 55 (0:1). Аваз Қамчинов, 76 (1:1). Зоирхон Холматов, 90+5 (2:1).

«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:1

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 25 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 58 (1:1).

«Моҳир» – «Исфара» – 4:3

Голҳо: Муродбек Юсупов, 8 (1:0). Хушбахт Назиров, 19 (1:1). Фирдавс Мӯсоев, 23 (1:2). Абдураҳим Раҳимов, 34 (1:3). Баҳровар Ҳалимов, 77 (2:3). Баҳровар Ҳалимов, 79 (3:3). Баҳровар Ҳалимов, 90+1 (4:3).

«Саройкамар» – «Шоҳмансур» – 6:2

Голҳо: Соҳиб Ваҳҳобов, 21 (1:0). Фирдавс Икромов, 28 (1:1). Хуршед Ямоқов, 45 (2:1). Ҷӯрабек Юсупов, 59 (2:2). Акмалҷон Авазов, 61 (3:2). Акмалҷон Авазов, 74 – аз пеналтӣ (4:2). Соҳиб Ваҳҳобов, 77 (5:2). Ҷонибек Ғаффоров, 81 (6:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

7

6

0

1

27-13

18

2

«Моҳир» (Ёвон)

7

4

2

1

21-19

14

3

«Эсхата» (Хуҷанд)

7

4

0

3

17-15

12

4

«Исфара» (Исфара)

7

4

0

3

13-13

12

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

3

2

2

17-9

11

6

«Саройкамар» (Панҷ)

7

3

2

2

17-15

11

7

«Ҳосилот» (Фархор)

7

3

1

3

13-13

10

8

«Ҳулбук» (Восеъ)

7

3

1

3

14-15

10

9

«Равшан» (Зафаробод)

7

2

3

2

9-9

9

10

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

7

2

1

4

20-21

7

11

«Барқчӣ» (Ҳисор)

7

1

1

5

15-16

4

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

7

0

1

6

6-31

1

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 11 тӯб, Фирдавс Мӯсоев («Исфара») – 7 тӯб, Умедҷон Азизов («Ваҳдат»), Амирқони Фаррухзод («Равшан», Кӯлоб), Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 6-тӯбӣ.

Даври 8-ум

6 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Шоҳмансур» – «Ҳулбук»

«Исфара» – «Саройкамар»

«Панҷшер» – «Моҳир»

7 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Равшан» (Зафаробод) – «Ваҳдат»

«Эсхата» – «Барқчӣ»

«Ҳосилот» – «Равшан» (Кӯлоб)

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG