Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигари мунтахаби Тоҷикистон барандаи Суперҷоми Булғористон шуд


Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки дар «Локомотив» (Пловдив) бозӣ мекунад, бо бошгоҳи худ Суперҷом ё Ҷоми олии Булғористонро ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом «Локомотив» (Пловдив) бар қаҳрамони Булғористон «Лудогоертс» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Умарбоев дар ҳайати «Локомотив» аз ибтидои ин бозӣ ба майдон омада, ҳамаи 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Зимнан, ин севумин унвонест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати «Локомотив»-и Пловдив соҳиб шудааст. Аз ин пеш футболбози тоҷик ду бор ҳамроҳ бо бошгоҳи худ Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев шарафи «Локомотив»-ро аз соли 2016 ҳифз мекунад. Дар муддати чаҳор сол ӯ дар бошгоҳи шаҳри Пловдив беш аз 100 бозӣ анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG