Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" ва "Сипар"-пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон


Бозиҳои даври дувуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 30-юми июл баргузор шуданд. Дар мусобиқаи имсола шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – ширкат доранд.

«Соро компания» дар шаҳри Турсунзода бар «Самандар» бо ҳисоби 14:4 ғолиб омад. Дар ҳайати душанбегиҳо Муҳаммад Раҷабов чаҳор гол ва Комрон Алиев се гол заданд.

«Сипар»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Муҳоҷир» бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд. Дар дастаи ғолиб Собирҷон Гулаков ва Иқбол Воситзода дуголӣ ба самар расонданд.

Дар бозии дигар «Истаравшан» дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 12:7 шикаст дод.

Аз рӯи натиҷагирии ду даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Бозиҳои даври севуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 2–юми август, миёни дастаҳои «Сипар» – «Истаравшан», «Равшан» – «Самандар» ва «Соро компания» – «Муҳоҷир» баргузор мешаванд.

Ба иттилои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, мусобиқа дар ду марҳила барпо мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар ду давра аз рӯи системи «хона – сафар» рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал ду даста ба нимфинал роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-умро соҳиб мешаванд, дар даври изофаи плей-офф барои муайян кардани боз ду дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Бар асоси низомномаи мусобиқа, финал ва бозӣ барои ҷоизаи биринҷӣ аз бозиҳои то се пирӯзӣ иборат аст.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 2-юм

«Самандар» – «Соро компания» – 4:14

Голҳо: Комрон Алиев, 4 (0:1). Комрон Алиев, 12 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 13 (0:3). Даврон Ҳабибуллоев, 13 (1:3). Фирдавс Тусматов, 15 (2:3). Сиёвуш Қаюмов, 16 (2:4). Сиёвуш Қаюмов, 17 (2:5). Насим Шарипов, 18 (2:6). Фаридун Неъматов, 18 (2:7). Низом Маҳмаев, 22 (3:7). Некрӯз Алимаҳмадов, 23 (3:8). Насим Шарипов, 25 (3:9). Муҳаммад Раҷабов, 26 (3:10). Муҳаммад Раҷабов, 28 (3:11). Муҳаммад Раҷабов, 29 (3:12). Некрӯз Алимаҳмадов, 29 (3:13). Комрон Алиев, 30 (3:14). Ориф Меликов, 36 (4:14).

«Истаравшан» – «Равшан» – 12:7

Голҳо: Шавкат Пулотов, 4 (1:0). Хусрав Қаюмов, 6 (2:0). Ҳасан Муродов, 7 (2:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 9 (3:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 10 (4:1). Муҳаммад Амирхоҷаев, 14 (4:2). Муҳаммад Амирхоҷаев, 15 (4:3). Шавкат Пулотов, 16 (5:3). Ҳусейн Раупов, 17 (6:3). Умеди Ҳусайн, 20 (6:4). Парвиз Раупов, 21 (7:4). Фирӯз Абдуллоев, 22 – ба дарвозаи худ (8:4). Муҳаммад Ҳамдамов, 24 (9:4). Умеди Ҳусайн, 24 (9:5). Муҳаммад Ҳамдамов, 26(10:5). Иброҳим Мирзоев, 33 – аз пеналтӣ (10:6). Ҳусейн Раупов, 35 (11:6). Иброҳим Мирзоев, 38 – дабл-пеналтӣ (11:7). Парвиз Раупов, 40 (12:7).

«Муҳоҷир» – «Сипар» – 3:5

Голҳо: Некрӯз Идиев, 3 (1:0). Собирҷон Гулаков, 13 (1:1). Баҳодур Хоҷаев, 15 (1:2). Хуршеди Зайниддин, 23 (2:2). Иқбол Воситзода, 25 (2:3). Иқбол Воситзода, 34 (2:4). Собирҷон Гулаков, 38 (2:5). Некрӯз Идиев, 39 (3:5).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

2

2

0

0

19-4

6

2

«Сипар» (Хуҷанд)

2

2

0

0

13-5

6

3

«Муҳоҷир» (Душанбе)

2

1

0

1

9-8

3

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

12-12

3

5

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

0

2

9-20

0

6

«Самандар» (Турсунзода)

2

0

0

2

7-20

0

Даври 3-юм

2 август (якшанбе)

16:00 – «Сипар» – «Истаравшан»

16:00 – «Равшан» – «Самандар»

16:00 – «Соро компания» – «Муҳоҷир»

XS
SM
MD
LG