Дар даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 30-уми июл доир гардид, пешсафон ва муддаиёни аслии медалҳо – «Хатлон»-и Бохтар, «Зебонисо»-и Душанбе ва «Зебо»-и Дӯстӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.
“Хатлон” дар майдони худ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 12:1 ғолиб омад. Зимнан, “Хатлон” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Зебонисо” ба дарвозаи дастаи меҳмон - “Чашма”-и Шаҳритус - 17 голи беҷавоб зад. “Зебо” дар меҳмонӣ “Бешкент”-и Носири Хусравро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Дар бозии дигари даври ҳаштум “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Танҳо як бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Барқ”-и Норак бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Баъди натиҷагирии ҳашт даври мусобиқа «Хатлон» бо 22 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Зебонисо” бо 21 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. «Зебо», ки 19 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи севум аст.
Бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 2-юми август, миёни дастаҳои «Равшан» – «Хатлон», «Барқ» – «Регар-ТадАЗ», «Зебо» – «Панҷшер», «Чашма» – «Бешкент» ва «Ҳосилот» – «Зебонисо» доир мегарданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона
Даври 8-ум
«Хатлон» – «Ҳосилот» – 12:1
Голҳо: Умеда Толибова, 10 (1:0). Сайрам Холназарова, 11 (2:0). Лайло Ҳалимова, 16 (3:0). Умеда Толибова, 20 (4:0). Лайло Ҳалимова, 27 (5:0). Умеда Толибова, 35 (6:0). Лайло Ҳалимова, 37 (7:0). Сайрам Холназарова, 50 (8:0). Рамзия Файзуллозода, 52 (8:1). Беназир Ҷумъахонзода, 55 (9:1). Лайло Ҳалимова, 65 (10:1). Сайрам Холназарова, 75 (11:1). Муҳайминаи Гулаҳмад, 78 (12:1).
«Зебонисо» – «Чашма» – 17:0
Голҳо: Марҷона Саидова, 6 (1:0). Мадина Фозилова, 14 (2:0). Мадина Фозилова, 15 (3:0). Шукронаи Ҷумъахон, 16 (4:0). Шукронаи Ҷумъахон, 18 (5:0). Мадина Фозилова, 19 (6:0). Сайёра Саидова, 21 (7:0). Мадина Фозилова, 26 (8:0). Мадина Фозилова, 28 (9:0). Мадина Фозилова, 33 – аз пеналтӣ (10:0). Мадина Фозилова, 53 (11:0). Мадина Фозилова, 57 (12:0). Мадина Фозилова, 59 (13:0). Шукронаи Ҷумъахон, 61 (14:0). Мадина Фозилова, 68 (15:0). Фаришта Тошева, 77 – ба дарвозаи худ (16:0). Сайёра Саидова, 81 (17:0).
«Бешкент» – «Зебо» – 1:4
Голҳо: Меҳрангез Шарипова, 56 (0:1). Мавҷуда Сафарова, 52 (0:2). Меҳрангез Шарипова, 61 (0:3). Рафина Нормуродова, 80 (1:3). Меҳрангез Шарипова, 87 (1:4).
«Панҷшер» – «Барқ» – 1:1
Голҳо: Дилдора Имомалиева, 30 (1:0). Саёҳат Раҷабова, 49 (1:1).
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
8 |
7 |
1 |
0 |
57-5 |
22 |
2 |
«Зебонисо» (Душанбе) |
8 |
7 |
0 |
1 |
73-2 |
21 |
3 |
«Зебо» (Дӯстӣ) |
8 |
6 |
1 |
1 |
39-8 |
19 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
8 |
4 |
1 |
3 |
33-8 |
13 |
5 |
«Бешкент» (Носири Хусрав) |
8 |
4 |
1 |
3 |
29-10 |
13 |
6 |
«Барқ» (Норак) |
8 |
3 |
1 |
4 |
6-39 |
10 |
7 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
8 |
2 |
1 |
5 |
5-31 |
7 |
8 |
«Чашма» (Шаҳритус) |
8 |
2 |
0 |
6 |
8-55 |
6 |
9 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
8 |
1 |
0 |
7 |
1-38 |
3 |
10 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
8 |
0 |
2 |
6 |
5-60 |
2 |
Нишонзанҳо: Мадина Фозилова («Зебонисо») – 29 тӯб, Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 28 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 21 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 19 тӯб, Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») – 11 тӯб.
Даври 9-ум
2 август (якшанбе)
«Равшан» – «Хатлон»
«Барқ» – «Регар-ТадАЗ»
«Зебо» – «Панҷшер»
«Чашма» – «Бешкент»
«Ҳосилот» – «Зебонисо»
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!