Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати гирандагони стипендияи олимпӣ бозбинӣ шуд


Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик.
Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) муҳлати Барномаи дастгирии молии варзишгаронро бо сабаби ба соли 2021 таҳвил додани Бозиҳои олимпии Токио-2020 як сол тамдид кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, КБО ба кумитаҳои миллии олимпӣ имконият дод, ки бо дарназардошти талаботи нав рӯйхати варзишгаронеро, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд ё имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд, бозбинӣ намоянд.

Рӯзи 29-уми июл дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати гирандагони стипендия тибқи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон – Токио-2020 баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки федератсияҳои миллии варзишӣ номзадии 27 варзишгарро барои гирифтани стипендияи олимпӣ пешниҳод карданд. Дар асоси пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ, талаботи КБО ва натиҷаҳои солҳои охири варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аъзои кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати гирандагони стипендияи олимпиро дар давраи аз сентябри соли 2020 то августи соли 2021 тасдиқ кард:

1. Усмонов Баҳодур, бокс (600 доллари ИМА)
2. Неъматуллоев Шаббос, бокс (600 доллари ИМА)
3. Маҳмадбеков Сомон, ҷудо (550 доллари ИМА)
4. Хоҷазода Беҳрӯз, ҷудо (550 доллари ИМА)
5. Комроншоҳ Устопириён, ҷудо (550 доллари ИМА)
6. Даминов Шаҳриёр, қайиқронӣ (550 доллари ИМА)
7. Раҳимов Темур, ҷудо (500 доллари ИМА)
8. Мирмамадов Шакармамад, ҷудо (400 доллари ИМА)
9. Шарифова Гулсунбӣ, варзиши сабук (300 доллари ИМА)
10. Ҳалимова Моҳру, тҳеквондо WTF (300 доллари ИМА)
11. Икромов Муҳаммад, гуштии озод (250 доллари ИМА)
12. Ахмедов Мубинҷон, гуштии юнонӣ-румӣ (250 доллари ИМА)
13. Самадова Миҷгона, бокс (200 доллари ИМА)
14. Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан, тҳеквондо WTF (200 доллари ИМА)
15. Ойматова Муниса, тҳеквондо WTF (200 доллари ИМА)

“Ин рӯйхат барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод мегардад. Дар сурати дастгирӣ ёфтан, варзишгарони мазкур ҷиҳати тамрин, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ҳар моҳ маблағи пешбинишударо дастрас менамоянд”, - гуфта шудааст дар хабари сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, Барномаи дастгирии молии варзишгарон - Токио-2020 аз сентябри соли 2017 то августи соли 2020 пешбинӣ шуда буд, вале бинобар сабаби пандемияи коронавирус ба соли 2021 гузаронидани Бозиҳои олимпӣ муҳлати барнома як сол тамдид гардид.

Бояд гуфт, ки то ҳоло ду варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев - ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио роҳхат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG