Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни COVID-19 дар ИМА ба 150 ҳазор тан расид


Яке аз бемористонҳои Амрико.
Яке аз бемористонҳои Амрико.

Шумораи қурбониёни коронавирус дар Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми июл аз 150 ҳазор нафар гузашт. Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз --яке аз марказҳое, ки омори олудашудаҳо ба вируси каронаро дар ҷаҳон ва шумораи қурбониёнро сабт мекунад, гузориш дод, ки то соати 16-и рӯзи чаҳоршанбе 150 ҳазору 34 нафар дар Амрико бар асари COVID-19 ҷон бохтаанд. Ин марказ теъдоди афродеро, ки низ то кунун дар Амрико ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, беш аз 4,4 миллион гуфтааст. Амрико баландтарин омори гирифторӣ ба коронавирус ва марг аз ин бемориро дар ҷаҳон дорад. Тибқи омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз, то кунун беш аз 16 миллиону 840 нафар дар саросари ҷаҳон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Шумораи умумии қурбониён он низ беш аз 662 ҳазор нафар будааст.

XS
SM
MD
LG