Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими нави футзал дар Тоҷикистон оғоз шуд


Мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 28-уми июл, оғоз ёфт. Дар мусобиқаи имсола шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) ширкат меварзанд.

Барандаи нави Суперҷоми Тоҷикистон «Сипар»-и Хуҷанд дар нахустин даври мусобиқа дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 8:2 пирӯз шуд. Чаҳор голи хуҷандиҳоро Собирҷон Гулаков ба самар расонд.

«Муҳоҷир»-и Душанбе дар шаҳри Турсунзода дастаи маҳалии «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 6:3 шикаст дод. Аз дастаи ғолиб Самандар Ризомов ва Некрӯз Идиев дуголӣ заданд.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 30-юми июл, миёни дастаҳои «Самандар» – «Соро компания», «Истаравшан» – «Равшан» ва «Муҳоҷир» – «Сипар» баргузор мешаванд.

Ба иттилои раҳбари департаменти футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев, мусобиқаи лигаи касбии футзали кишвар имсол дар ду марҳила барпо мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар ду давра аз рӯи системи «хона – сафар» рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал ду даста ба нимфинал роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-умро соҳиб мешаванд, дар даври изофаи плей-офф барои муайян кардани боз ду дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Бар асоси низомномаи мусобиқа, финал ва бозӣ барои ҷоизаи биринҷӣ аз бозиҳои то се пирӯзӣ иборат аст.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 1-ум

«Самандар» – «Муҳоҷир» – 3:6

Голҳо: Самандар Ризомов, 3 (0:1). Ашраф Собитов, 7 (1:1). Низом Маҳмаев, 11 (2:1). Нусратшо Исмоилов, 17 (2:2). Самандар Ризомов, 19 (2:3). Некрӯз Идиев, 26 (2:4). Даврон Ҳабибуллоев, 31 (3:4). Бахтиёр Солиев, 32 (3:5). Некрӯз Идиев, 34 (3:6).

Беҳтарин бозигари дидор: Самандар Ризомов («Муҳоҷир»).

«Равшан» – «Сипар» – 2:8

Голҳо: Умеди Ҳусайн, Насрулло Шарифов – Собирҷон Гулаков (4), Парвиз Раҳматов (2), Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев.

Беҳтарин бозигари дидор: Собирҷон Гулаков («Сипар»).

«Соро компания» – «Истаравшан» – 5:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Сипар» (Хуҷанд)

1

1

0

0

8-2

3

2

«Соро компания» (Душанбе)

1

1

0

0

5-0

3

3

«Муҳоҷир» (Душанбе)

1

1

0

0

6-3

3

4

«Самандар» (Турсунзода)

1

0

0

1

3-6

0

5

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

0

0

1

0-5

0

6

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

0

1

2-8

0

Даври 2-юм

30 июл (панҷшанбе)

16:00 – «Самандар» – «Соро компания»

16:00 – «Истаравшан» – «Равшан»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Сипар»

XS
SM
MD
LG