Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз иштирокдорони намози ҷаноза хостанд, фосилаи ҷисмониро риоя кунанд


Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аз сокинон хостааст, ки аз ин ба баъд дар намозҳои ҷаноза фосилаи ҷисмониро риоя кунанд ва ниқоби тиббӣ бипӯшанд. Муроҷиати Шӯрои уламо рӯзи 28-уми июл нашр шуд. Дар он нигаронӣ шудааст, ки "вақтҳои ахир дар маросими намози ҷаноза дастурамали дафн дар замони пандемияи коронавирус" нодида гирифта мешавад.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, ки 43 нафар аз кормандони онҳо ва рӯҳониён ба СОVID-19 гирифтор шудаанд. Ба қавли мақомоти расмӣ, бисёре аз рӯҳониёну ходимони дин ҳангоми хондани намози ҷанозаи фавтидагон аз бемории COVID-19 сироят шудаанд.

Ин аст, ки Шӯрои уламо тақозо кардааст, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи маҳдуди хешу табори майит баргузор шавад. "Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшанд", -- омадааст дар муроҷиати Шӯрои уламо.

Муроҷиати Шӯрои уламо дар ҳолест, ки аз аввалҳои моҳи марти имсол дар пайи эҳтимоли паҳншавии коронавирус, адои намозҳои панҷгона, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар манъ карда шудааст. Мақомот дар пайи афзоиши шумораи қурбониён аз илтиҳоби шуш ва коронавирус, танҳо баргузории намози ҷанозаро иҷоза дода буданд.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон то 27-уми июл беш аз 7200 ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, 60 кас фавтидаанд. Зиёда аз 6 ҳазор кас шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG