Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар мехоҳад Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2032-ро доир намояд


Кумитаи миллии олимпии Қатар пешниҳоди дархости худро ҷиҳати баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 эълон кард.

Пас аз он ки Қатар ҳаққи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2022 ба даст овард, дар ин кишвар дар бораи доир кардани Олимпиада ба андеша афтоданд. Қатар қарор додааст, ки барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли 2032 дархост пешниҳод кунад. Рақибони Қатар Австралия, Чин, Ҳиндустон ва инчунин Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ бо Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.

"Эълони мазкур оғози муколамаи пурмаҳсул бо Комиссияи мизбони ояндаи Кумитаи байналмилалии олимпиро барои таҳқиқи минбаъдаи манфиати мо ва муайян кардани он ки чӣ гуна Бозиҳои олимпӣ метавонанд ҳадафҳои рушди дарозмуддати Қатарро дастгирӣ кунанд, нишон медиҳад",-ин суханони раҳбари Кумитаи миллии олимпии Қатар Ҷавъон бин Ҳамад бин Халифа Ас-Сониро Sport.ru.Down-the-line.com иқтибос овардааст.

Ҷониби Қатар тасдиқ кард, ки барои ворид шудан ба “Муколамаи доимӣ”-и Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати баргузории бозиҳо расман дархост фиристодааст. Президенти КБО Томас Бах дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “beIN SPORTS”-и Қатар гуфтааст, ки дархости кишвари Шарқи Наздикро пазируфтааст.

“Мо дар КБО аз ҳавасмандии зиёд ба Бозиҳои олимпии соли 2032 дувоздаҳ сол қабл хушҳолем. Мо муколамаро бо кумитаҳои миллии олимпии манфиатдор ва комиссияи махсуси КБО оғоз кардем”, - изҳор намудааст Томас Бах.

Дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа - соли 2006 Бозиҳои Осиё баргузор шуда буд. Соли 2019 бошад, ин шаҳр мизбони қаҳрамонии Осиё ва қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук буд. Соли 2022 бошад, дар Давҳа қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол доир мегардад. Қатар, ҳамчунин, довталаби баргузории Ҷоми Осиё оид ба футбол дар соли 2027 ва Бозиҳои Осиё дар соли 2030 мебошад.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG