Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон. "Зебонисо" "Хатлон"-ро таъқиб мекунад


Дар даври ҳафтуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 26-уми июл доир гардид, пешсафон ва муддаиёни аслии медалҳо – «Хатлон»-и Бохтар ва «Зебонисо»-и Душанбе пирӯзӣ ба даст оварданд, вале «Зебо»-и Дӯстӣ шикаст хӯрд.

“Хатлон” дар меҳмнӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. “Зебонисо” ба дарвозаи дастаи меҳмон - “Зебо” - чаҳор голи беҷавоб зад.

Дар се бозии дигари даври ҳафтум “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:0, “Бешкент”-и Носири Хусрав бар дастаи меҳмон - “Барқ”-и Норак - бо ҳисоби 11:0 ва “Ҳосилот”-и Фархор дар меҳмонӣ бар “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.

Баъди натиҷагирии ҳафт даври мусобиқа «Хатлон» бо 19 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Зебонисо” бо 18 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. «Зебо», ки 16-имтиёзӣ гирифтааст, дар ҷойи севум аст.

Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқа рӯзи чоршанбе, 29-уми июл, миёни дастаҳои «Хатлон» – «Ҳосилот», «Зебонисо» – «Чашма», «Бешкент» – «Зебо», «Панҷшер» – «Барқ» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» доир мегарданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона

Даври 7-ум

«Зебонисо» – «Зебо» – 4:0

Голҳо: Амина Собирова, 2 (1:0). Рӯзигули Ҳасан, 57 (2:0). Рӯзигули Ҳасан, 68 (3:0). Некӯбахт Худододова, 88 (4:0).

«Равшан» – «Панҷшер» – 1:0

Гол: Гулфайрӯз Ҳазратова, 18 – аз пеналтӣ.

«Бешкент» – «Барқ» – 11:0

Голҳо: Фотима Раҳмонова, 5 (1:0). Рафина Нормуродова, 8 (2:0). Рафина Нормуродова, 20 (3:0). Фазилат Гулбоева, 35 (4:0). Рафина Нормуродова, 47 (5:0). Рафина Нормуродова, 50 (6:0). Гузал Юсупова, 56 (7:0). Рафина Нормуродова, 60 (8:0). Рафина Нормуродова, 63 (9:0). Нилуфар Аллаёрова, 65 (10:0). Рафина Нормуродова, 75 (11:0).

«Чашма» – «Ҳосилот» – 0:1

Гол: Маҳинаи Абдулфаттох, 6.

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:3

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 10 (0:1). Лайло Ҳалимова, 63 (0:2). Шукрона Азимзода, 79 (0:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

7

6

1

0

45-4

19

2

«Зебонисо» (Душанбе)

7

6

0

1

56-2

18

3

«Зебо» (Дӯстӣ)

7

5

1

1

35-7

16

4

«Бешкент» (Носири Хусрав)

7

4

1

2

28-6

13

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

3

1

3

30-8

10

6

«Барқ» (Норак)

7

3

0

4

5-38

9

7

«Ҳосилот» (Фархор)

7

2

1

4

4-19

7

8

«Чашма» (Шаҳритус)

7

2

0

5

8-38

6

9

«Равшан» (Кӯлоб)

7

1

0

6

1-35

3

10

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

7

0

1

6

4-59

1

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 24 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 20 тӯб, Мадина Фозилова («Зебонисо») – 19 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 16 тӯб, Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») – 11 тӯб.

Даври 8-ум

29 июл (чоршанбе)

«Хатлон» – «Ҳосилот»

«Зебонисо» – «Чашма»

«Бешкент» – «Зебо»

«Панҷшер» – «Барқ»

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

XS
SM
MD
LG