Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб баъди панҷ ғалабаи пайи ҳам дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, дар даври шашум дар меҳмонӣ аз «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.
Ин аввалин бохти “Равшан” дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Бо вуҷуди бохт “Равшан” дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафиашро нигаҳ дошт ва бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст.
“Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар даври шашум дар майдони худ аз «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт, бо 12 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. “Исфара”-и шаҳри Исфара, ки бар дастаи меҳмон - «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, бо 12 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст.
Дар бозии дигари даври шашум «Равшан»-и Зафаробод дар майдони худ бар “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Ду бозӣ миёни дастаҳои «Ваҳдат»-и Ваҳдат - «Саройкамар»-и Панҷ (1:1) ва «Шоҳмансур»-и Душанбе - «Моҳир»-и Ёвон (0:0) бо натиҷаҳои мусовӣ ба поён расид.
Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 29-ум июл миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Эсхата», «Барқчӣ» – «Панҷшер», «Ҳулбук» – «Ваҳдат» ва 30-юми июл байни тимҳои «Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод), «Моҳир» – «Исфара», «Саройкамар» – «Шоҳмансур» баргузор мешаванд.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 6-ум
«Панҷшер» – «Равшан» (Кӯлоб) – 4:1
Голҳо: Рустам Назаров, 24 (1:0). Далер Шомуродов, 51 – аз пеналтӣ (1:1). Маҳмуд Ғаюров, 52 (2:1). Насимҷон Мамадқулов, 87 (3:1). Маҳмуд Ғаюров, 90+5 (4:1).
«Ваҳдат» – «Саройкамар» – 1:1
Голҳо: Салим Давлатов, 15 (0:1). Хушвахт Қараев, 71 (1:1).
«Шоҳмансур» – «Моҳир» – 0:0
«Исфара» – «Барқчӣ» – 3:2
Голҳо: Хусрав Бобоев, 33 (1:0). Файзиддин Назаров, 61 (1:1). Фирдавс Мӯсоев, 69 (2:1). Файзиддин Назаров, 72 (2:2). Фирдавс Мӯсоев, 87 (3:2).
«Эсхата» – «Ҳосилот» – 2:3
Голҳо: Фирдавс Икромбеков, 24 (1:0). Муҳаммад Шерзода, 57 (1:1). Нурулло Содиқов, 65 (1:2). Эмомалии Алиҷон, 73 (1:3). Мубинҷон Муъминов, 85 (2:3).
«Равшан» (Зафаробод) – «Ҳулбук» – 1:0
Гол: Зиёвуддин Фузайлов, 7.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
6 |
5 |
0 |
1 |
24-13 |
15 |
2 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
6 |
4 |
0 |
2 |
17-12 |
12 |
3 |
«Исфара» (Исфара) |
6 |
4 |
0 |
2 |
10-9 |
12 |
4 |
«Моҳир» (Ёвон) |
6 |
3 |
2 |
1 |
17-16 |
11 |
5 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
6 |
3 |
1 |
2 |
16-8 |
10 |
6 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
6 |
3 |
0 |
3 |
12-12 |
9 |
7 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
6 |
2 |
2 |
2 |
11-13 |
8 |
8 |
«Равшан» (Зафаробод) |
6 |
2 |
2 |
2 |
8-8 |
8 |
9 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
6 |
2 |
1 |
3 |
19-19 |
7 |
10 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
6 |
2 |
1 |
3 |
12-14 |
7 |
11 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
6 |
1 |
0 |
5 |
14-15 |
3 |
12 |
«Шоҳмансур» (Душанбе) |
6 |
0 |
1 |
5 |
4-25 |
1 |
Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 10 тӯб, Умедҷон Азизов («Ваҳдат»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан», Кӯлоб), Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 6-тӯбӣ.
Даври 7-ум
29 июл (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Равшан» (Кӯлоб) – «Эсхата»
«Барқчӣ» – «Панҷшер»
«Ҳулбук» – «Ваҳдат»
30 июл (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод)
«Моҳир» – «Исфара»
«Саройкамар» – «Шоҳмансур»
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!