Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 60 кас расид


Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 27-уми июл гуфт, ки дар шабонарӯзи гузашта фавти як нафарро аз коронавирус сабт кардааст ва бо ин шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир ба 60 нафар расид. Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии коронавируси нав номи беш аз 440 нафарро гирд овардаанд. Марги расмии бархе аз онҳо "илтиҳоби шуш" гуфта шудааст.

Вазорат дар як рӯз як бор омори нави беморон, шифоёфтаҳо ва фавтидагон аз коронавирусро нашр мекунад, аммо ошкор намекунад, ки дар кадом минтақа чӣ қадар беморон ҳастанд ва ё чанд нафар ҷон бохтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 43 мавриди нави мубтало шудани сокинон ба COVID-19 тасдиқ шудааст.

Ба иттилои расмӣ, то 27-уми июл дар саросари Тоҷикистон 7235 нафар ба бемории ҳамагир мубтало шуда, беш аз 6 ҳазор кас шифо ёфтаанд. Омори ғайрирасмии беморонро аз ин бештар мегӯянд.

XS
SM
MD
LG