Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сипар" барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон шуд


Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд, ки “Соро компания”-и Душанберо бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии футзали Тоҷикистон-2020 гардид.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни “Соро компаия”, ғолиби мусобиқаи порсолаи лигаи футзали Тоҷикистон ва “Сипар”, ҷоизадори нуқраи ин мусобиқа, рӯзи 25-уми июл дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир гардид. Собирҷон Гуляков, ки се голи “Сипар”-ро ба самар расонд, беҳтарин бозигари ин дидор ҳисобида шуд.

Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020

“Соро компаия” (Душанбе) “Сипар” (Хуҷанд) 2:4

Голҳо: Муҳаммад Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов – Собирҷон Гуляков (3), Дилшод Саломов.

Беҳтарин бозигари дидор: Собирҷон Гуляков («Сипар»).

Мусобиқаи имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо ширкати шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – баргузор мешавад.

Ба иттилои раҳбари департаменти футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар имсол дар ду марҳила барпо мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар ду давра аз рӯи системи «хона – сафар» рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал ду даста ба нимфинал роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-умро соҳиб мешаванд, дар даври изофаи плей-офф барои муайян кардани боз ду дастаи ширкаткунандаи 1/2 финали қаҳрамонии футзали Тоҷикистон мубориза мебаранд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG