Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ нахустин ҳолати гирифторӣ ба COVID-19-ро тасдиқ кард


Мақомоти Кореяи Шимолӣ гуфтанд, дар кишвар нахустин ҳолати эҳтимолии гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Расонаҳои он кишвар аз қавли роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин навиштанд, ки: "Метавон гуфт, вируси бераҳм ба кишвари мо ҳам ворид шуд".

Мақомоти Кореяи Шимолӣ гуфтанд, вирусро фирорие ба кишвар овард, ки рӯзи 19 июл баъди се соли фирор аз Кореяи Ҷанубӣ ба Кореяи Шимолӣ баргашта буд. Шаҳри наздимарзии Кэсон ба карантин гирифта шудааст.

То ин замон мақомоти Кореяи Шимолӣ мегуфтанд, дар кишвар мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол дорад, ки вируси корона ба кишвар аз муддатҳо пеш ворид шуда бошад, аммо мақомот намехостанд, онро тасдиқ кунанд.

Айни замон ягона кишваре, ки мавҷудияти вируси коронаро тасдиқ накардааст, Туркманистон аст. Бо ин вуҷуд, дар Туркманистон чораҳои карантин рӯи даст гирифта шудаанд.

Шумори умумии гирифторони вируси корона дар саросари дунё аз 16 миллион гузаштааст. Ҳамарӯза шумораи гирифторон то 200 ҳазор меафзояд.

Дар саросари дунё аз ин вирус 650 ҳазор кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG