Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи баргузории бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон маълум шуд


Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми кишварро тасдиқ кард. Бозиҳо рӯзҳои 1-3-юми август бо иштироки даҳ дастаи лигаи олӣ ва шаш дастаи лигаи аввал баргузор мешаванд.

Рӯзи шанбе, 1-уми август, дастаҳои «Душанбе-83» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Файзканд» (Восеъ) - «Хатлон» (Бохтар) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) рақобат мекунанд.

Рӯзи якшанбе, 2-юми август, се бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” (Кӯлоб) – “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ), “Барқчӣ” (Ҳисор) – “Локомотив-Помир” (Душанбе) ва “Истаравшан” (Истаравшан – ССКА (Душанбе) доир мегардад.

Бозиҳои охирини 1/8 финалӣ рӯзи душанбе, 3-юми август, сурат мегиранд. Дар ин рӯз дастаҳои «Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон) вориди рақобат мешаванд.

Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ ширкаткунандагони чорякфиналаи Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила (муқаддамотӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ бар асоси ҷадвали мусобиқа муайян хоҳад шуд.

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба ҳақққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудани як даста, Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2021 ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/8 финал

1 август (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:45

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

«Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷкистон»

2 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:45

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

«Истаравшан» (Истаравшан) – ССКА (Душанбе)

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

3 август (душанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:45

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд)

Зафаробод, варзишгоҳи «Равшан-Арена»

Оғози бозӣ - соати 18:30

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG