Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими миллии кишвар дар бозии санҷишӣ


Бозӣ миёни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими миллии кишвар.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии санҷишӣ, ки рӯзи 25-уми июл дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими миллии кишварро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Ҳамадонӣ Камолов ва Суннатулло Исмоилов заданд.

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби миллии Тоҷикистон – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 0:2
Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 27 (0:1). Суннатулло Исмоилов, 87 (0:2).

Мунтахаби миллии Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Хуршед Бекназаров, Искандар Ҷалилов, Фирӯз Бобиев, Ислом Зоиров, Ҷаҳонгир Эргашев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.

Дар нимаи дувум бозигароне, ки бо иваз намудани ҳамдастаҳояшон ба майдон омаданд: Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Билол Сулаймонов, Илҳомҷон Баротов, Хуршед Абдуллоев, Рустам Соиров, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов, Диловаршо Ғаниев.

Сармураббӣ – Усмон Тошев

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов, Шоҳрух Сангов, Алиҷон Кароматуллозода, Манучеҳр Сафаров, Исроил Холов, Абдулмуъмин Забиров, Муҳаммад Саломзода, Шуҳрат Элмуродов, Ҳамадонӣ Камолов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов.

Дар нимаи дувум бозигароне, ки бо иваз намудани ҳамдастаҳояшон ба майдон омаданд: Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарифов, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Парвиз Ҳоҷиев, Суннатулло Исмоилов.

Аз майдон хориҷ шуданд: Рустам Соиров (мунтахаби миллии Тоҷикистон), Манучеҳр Сафаров (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон).

Сармураббӣ Мубин Эргашев

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

25-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ҷараён дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» омодагӣ мебинад, боз се бозии дигар анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 8-уми октябр дар майдони худ бо мунтаби Муғулистон, 12-уми ноябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва 17-уми ноябр дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Ҳамзамон дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба қаҳрамонии Осиё-2020 омодагӣ мебинад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия (16-уми октябр), Яман (19-уми октябр) ва Қатар (22-юми октябр) бозӣ мекунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG