Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба ёди қурбониёни COVID-19 рӯзи азои миллӣ эълон кард


Пизишкони қирғиз ҳангоми муолиҷаи беморон. Шифохонаи Бишкек, 25-уми июли 2020

Ҳукумати Қирғизистон 30-юми июлро ба ёди қурбониёни бемории COVID-19 рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Дар ин бора Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 25-уми июл дар суҳбат бо "Биринчи радио" хабар дод. Вай гуфт, "31-уми июл Иди Қурбон аст, 30-юми июл дар саросари кишвар рӯзи мотами миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора фармони дахлдор содир хоҳад шуд. Бори дигар ба хонаводаи ҳамватанони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунам." Коронавируси нав дар Қирғизистон ба зиёда аз 32 ҳазор кас сироят карда, боис ба марги беш аз 1270 нафар шудааст. Аз ин пеш Қазоқистон ҳам ба ёди қурбониёни коронавируси нав рӯзи мотами миллӣ баргузор карда буд.

XS
SM
MD
LG