Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдумалик Қодиров бо "Интернюс" созиш накард, баҳс дар додгоҳ идома дорад. САДО


Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Раиси пешини дафтари "Интернюс" (Internews) дар Тоҷикистон ин созмони амрикоиро ба додгоҳ кашидааст. Абдумалик Қодиров даъво дорад, ки қарори аз вазифа барканор кардани ӯ "хилофи қонуни меҳнат" ва "низомномаи ташкилот" аст ва аз додгоҳ мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунад. ​Аммо Дмитрий Сурнин, раҳбари минтақавии ин созмон барои Аврупо ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ таъйид мекунад, ки "ҷаноби Қодиров барканор ё аз вазифа озод нашуда, аммо қарордод кории ӯ тамдид нашудааст".

Абдумалик Қодиров соли 2016 роҳбари дафтари "Интернюс” дар Тоҷикистон шуд ва моҳи марти имсол аз вазифа барканор гардид.

Мурофиаи аввал бо иштироки ҷонибҳо 23-юми июл дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Додгоҳ моҳи апрели имсол барои ба созиш расидани ҷонибҳои баҳс муҳлат дода буд, вале як додраси огоҳ аз қазия гуфт, "ба сабаби он ки тарафҳо ба мувофиқа нарасиданд, мурофиаро 23-юми июл оғоз кардем. Ҷонибҳо бо даъво шинос шуданд". Дмитрий Сурнин, раҳбари минтақавии ин созмон барои Аврупо ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ баён дошт, ки "Интернюс" пешниҳоди ҷаласаи додгоҳ "пушти дарҳои баста"-ро надод ва ба ӯ маълум нест, ки ин пешниҳод аз сӯи кӣ матраҳ шудааст, агар он воқеият дошта бошад".

Баҳси додгоҳии Абдумалик Қодиров бо Internews
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Абдумалик Қодиров, тасдиқ кард, ки дар аввал миёни онҳо ва "Интернюс" барои ба созиш расидан гуфтушунид буд, вале ба иддаои ӯ "ҷониби дигар имзои созишномаро кашол дод ва дертар шартҳое гузошт, ки аз созиш даст кашидем."

"Дар аввал пешниҳод шуда буд, ки мурофиа бе иштироки хабарнигорон ва пӯшида сурат гирад ва Қодиров аз даъвояш даст кашад. Мо розӣ шудем, зеро дафтари асосии “Интернеюс” ба Абдумалик Қодиров пешниҳод кард, ки 20 моҳ ҳамчун мушовири созмон дар Душанбе кор кунад. Вале дертар гуфтанд, ки фаъолияти чорсолаи Қодировро бозрасӣ (аудит) мекунанд ва агар иштибоҳе ёфт шуд, созишнома якҷониба бекор хоҳад шуд", -- шарҳ дод вакил.

Барои рӯшанӣ андохтан ба иддаои вакили мудофеи Қодиров ба намояндаи ҳуқуқии созмони "Интернюс" дар Тоҷикистон Камолиддин Муҳаммадов дар тамос шудем. Вай гуфт, ҳаққи дар ин бора суҳбат карданро надорад: "Дар ин масъала танҳо Дафтари марказии созмон дар Амрико посух хоҳад дод. Ман ҳуқуқи шарҳ додан надорам, ба онҳо муроҷиат кунед."

Вале Камолиддинов пас аз анҷоми мурофиаи нахустин дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, "барканории Қодиров дар доираи қонун сурат гирифтааст. Ин як баҳси одии меҳнатӣ аст. Албатта, хулосаи ниҳоиро суд хоҳад баровард". Дмитрий Сурнин, раҳбари минтақавии ин "Интернюс" барои Аврупо ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ​ дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Интернюс" воқеан ин муҳокимаро баҳси хусусии корӣ медонад ва мавқеъ ва далелҳои худро ҳангоми баррасиҳои додгоҳӣ матраҳ мекунад".

Абдумалик Қодиров рӯзи 27-уми июл гуфт, барои поймол шудани ҳуқуқаш дар созмони "Интернюс" бо аризаи дувум баҳсро дар Амрико идома хоҳад дод.

Ӯ аз ҷумлаи шореҳони шинохта аст, ки масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро бепарда тавзеҳ медиҳад. Қодиров дар гузашта дар сафорати Амрико ва намояндагии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар Душанбе кор кардааст.

Дафтари созмони "Интернюс" дар Тоҷикистон соли 2002-2003 низ бо раҳбари онвақтааш Баҳодур Қосимов вориди баҳс шуда буд, вале моҷаро то ба додгоҳ нарасида, бо созиши тарафҳо ба поён расида буд.

Ин созмони ғайритиҷоратии байнулмилалӣ аз соли 1995 дар Тоҷикистон фаъол аст. Дафтари асосии он дар Амрикост ва дар Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ амал мекунад. Созмон барои рушди расонаҳои озод дар Тоҷикистон ёрӣ мекунад.

АЗ ИДОРА: Матлаби мазкур баъд аз ба даст расидани шарҳи Дмитрий Сурнин, раҳбари минтақавии ин "Интернюс" барои Аврупо ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ​ бозбинӣ шуд, ки дар он мавқеи созмон дар робита ба баҳси додгоҳӣ матраҳ шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG