Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон пайиҳам дар панҷ бозӣ ғолиб омад, дар ҷадвал бо 15 имтиёз мавқеи пешсафиашро боз ҳам устувор кард. “Равшан” ягона дастаест, ки то ҳоло ягон имтиёзро аз даст надодааст.
«Равшан» дар даври панҷум дар майдони худ бар “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. “Эсхата”-и Хуҷанд, ки бар дастаи меҳмон - «Равшан»-и Зафаробод - бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард, бо 12 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. «Моҳир»-и Ёвон, ки дар майдони худ «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 5:4 шикаст дод, бо 10 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.
Дар бозиҳои дигари даври чорум «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:0, «Барқчӣ»-и Ҳисор бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 4:0 ғолиб омаданд. Танҳо як бозӣ миёни дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид.
Бозиҳои даври шашуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми июл баргузор мешаванд: «Ваҳдат» – «Саройкамар», «Шоҳмансур» – «Моҳир», «Исфара» – «Барқчӣ», «Эсхата» – «Ҳосилот», «Равшан» (Зафаробод) – «Ҳулбук», «Панҷшер» – «Равшан» (Кӯлоб).
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 5-ум
«Ҳосилот» – «Панҷшер» – 1:0
Гол: Исроил Сомон, 5.
«Барқчӣ» – «Шоҳмансур» – 4:0
Голҳо: Умедҷон Рамазонов, 24 (1:0). Абдуллодҷони Қурбоналӣ, 30 (2:0). Шерзод Дадабоев, 53 (3:0). Ҳамзаҷон Аҳтамов, 88 (4:0).
«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:0
Голҳо: Боҳирҷон Сангинбоев, 23 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 37 (2:0).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Исфара» – 3:0
Голҳо: Амирҷони Фаррухзод, 17 (1:0). Сафаралӣ Каримов, 25 (2:0). Саидхони Амрохон, 63 (3:0).
«Моҳир» – «Ваҳдат» – 5:4
Голҳо: Маҳмадраҷаб Ҷобиров, 18 (0:1). Алишер Куганов, 38 (1:1). Фирдавс Файззода, 43 – аз пеналтӣ (1:2). Умедҷон Азизов, 45+3 (1:3). Баҳровар Ҳалимов, 64 (2:3). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 68 (3:3). Самариддин Расулов, 76 (3:4). Муҳаммадбобур Юсупов, 83 (4:4). Муҳаммадбобур Юсупов, 88 (5:4).
«Саройкамар» – «Ҳулбук» – 2:2
Голҳо: Аваз Қамчинов, 61 (0:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 77 (1:1). Аваз Қамчинов, 90+2 – аз пеналтӣ (1:2). Хуршед Ямоқов, 90+6 (2:2).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
5 |
5 |
0 |
0 |
23-9 |
15 |
2 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
5 |
4 |
0 |
1 |
15-9 |
12 |
3 |
«Моҳир» (Ёвон) |
5 |
3 |
1 |
1 |
17-16 |
10 |
4 |
«Исфара» (Исфара) |
5 |
3 |
0 |
2 |
7-6 |
9 |
5 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
5 |
2 |
1 |
2 |
12-7 |
7 |
6 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
5 |
2 |
1 |
2 |
12-13 |
7 |
7 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
5 |
2 |
1 |
2 |
10-12 |
7 |
8 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
5 |
2 |
0 |
3 |
18-18 |
6 |
9 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
5 |
2 |
0 |
3 |
9-10 |
6 |
10 |
«Равшан» (Зафаробод) |
5 |
1 |
2 |
2 |
7-8 |
5 |
11 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
5 |
1 |
0 |
4 |
12-12 |
3 |
12 |
«Шоҳмансур» (Душанбе) |
5 |
0 |
0 |
5 |
4-25 |
0 |
Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 10 тӯб, Умедҷон Азизов («Ваҳдат»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан», Кӯлоб) – 6-тӯбӣ, Мубинҷон Муъминов («Эсхата»), Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»), Сафаралӣ Каримов («Равшан», Кӯлоб) – 5-тӯбӣ.
Даври 6-ум
25 июл (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Ваҳдат» – «Саройкамар»
«Шоҳмансур» – «Моҳир»
«Исфара» – «Барқчӣ»
«Эсхата» – «Ҳосилот»
26 июл (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Равшан» (Зафаробод) – «Ҳулбук»
«Панҷшер» – «Равшан» (Кӯлоб)
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Мумкин бесохиб ту боши и миллат сохиб дора ту мутахасис набоши чи да хами бора гап мезани хами ваксиная да Америка Япония Аврупоям истифода бурдестан як чия дониста нависен Муши Озмоиши
Рафтан ба Русия:ТЁМНЫЙ ЛЕС,бгу ага не.
Мухтарам вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳриддин Русия ҳеч шарте пеши рӯйи Тоҷикистон, аз ҷумла вуруд ба ЕАЭС-ро нагузоштааст ва намегузорад. Шумо мачбур мешавед ва пешниход менамоед, ки Тоҷикистонро ба ЕАЭС дохил кунед.
Русия ҳеҷ шарт намод, ё монд. Инро на шумо ҷуръти баёнашро доред, ки у барои мо шарт монд гуфта.! Ва уҳам гов нест, ки ошкоро ин суханро гуяд, ки агар вориди еаэс нашви роҳ боз намешавад. миллати тоҷик алҳамдулилоҳ хусусан насли ҷавоне, ки таҳлил мекунад хабарҳоро, сиёсатҳоро, хуб мефаҳмад. Акаи Сироҷиддин бо худат миллатро муқоиса накун зеро фаҳмиш, биниш, дарк, бардошти ҳаркас бо шумо якке нест. Бо эҳтимоли зиёд, натиҷа ҳамон як ҳаст,ворид шудан ба (ЕАЭС) инҳам фурсат барои Русия ҳаст, ки болои шумо фишор биёрад, ки ворид шавед гуфта, мо дарк мекунем, ки барои мо зарарҳам дорад, аммо дар айни замон фоидаш барои миллати коригар хусусан муҳоҷир бештар ҳаст, агар аз ҳаққи худ онҳоҳам дифоъ кунанд ва шумоҳам кумак кунед дар русия. (Арбоб мезанад ба ҳар боб.) (сухани Муйсафедҳои тоҷик) инро ҷидди бигиред.
Ин ваксина дар ҷаҳон ҳеҷ ҷойгоҳе надорад, ва мехоҳан дар мардуми мо озмоиш гузаронан миллати мо муши озмоиши нест. Мисли бечора мардуми Африқо аввал дар онҳо озмоиш мекунан баъдан ба худашон. Мардуми тоҷик худатон ҳама сайтҳои мухолиф ва мувофиқро хонад таҳлил кунед, кадом ваксина беҳтар ҳаст, ва давлатои пешрафта аз кадом ваксина истифода мебаран. Ман таблиғи инҳоро намекунам худатон бинед, хонед мардуми аврупо ба чи хулоса омадан ин як навъи бизнеси хуб барои абарқудратон. Худо худат ба ин миллати мазлуму, бечарову, бесоҳиб раҳм кун ҳамаи мардуми дунё, ки мазлуман ва барои таҷрибаи қудратмандон истифода мешаван наҷот бидеҳ. Ё Аллоҳ ба доди мазлумин бирас.