Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Томас Бах гуфт, Олимпиадаи соли 2021 метавонад рамзи умед ва ҳамдилӣ бошад


Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах бовар дорад, ки "Олимпиадаи Токио-2020 бузургтарин ҷашнвораи варзишии бозгашт" хоҳад буд, зеро он бо таъхири яксола баргузор мешавад.

Чунонки сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, президенти КБО таъкид намуд, ки ташкилкунандагон барои мубориза бо коронавирус дар замони баргузории Бозиҳо соли оянда чораҳои муҳим хоҳанд андешид.

Бах як сол қабл аз оғози Бозиҳои олимпии ба таъхир андохташударо бо муроҷиати видеоӣ "таҷлил" кард, ки тибқи қарори аввал бояд 24-уми июл шуруъ мешуд. Сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ ва Томас Бах бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон моҳи марти имсол ҷиҳати бо таъхири яксола баргузор кардани Бозиҳои Олимпиада ба мувофиқа расида буданд.

Томас Бах паёми умедворкунандаро пешниҳод намуд, ки ба як соли ҳисобкунии рӯзҳо ишора мекунад: "То оғози Бозиҳои олимпӣ як сол монд ва дар пеш моро вазифаҳои бузург интизор аст".

Бах дар идома ба ҳамкорону дӯстони ҷопонӣ бо роҳбарии сарвазир Абэ Шинзо, раиси “Токио-2020” Мори Йоширо ва шаҳрдори Токио Коике Юрико, ҳамчунин варзишгарон, федератсияҳои байналмилалии намудҳои олимпии тобистонаи варзиш, кумитаҳои миллии олимпӣ, сарпарастон ва расонаҳои хабарӣ миннатдорӣ баён кард.

"Бе ҳамгироӣ ва дастгирии онҳо мо наметавонистем қарори якҷояи таърихиро ҷиҳати ба таъхир андохтани Бозиҳои олимпӣ дар Токио қабул кунем. Ман аз пешрафти фавқулодда дар самти омодагӣ ба Бозиҳо пас аз қабули қарори якҷоя ба ҳаяҷон омадам. Ин марҳила дар соли оянда барои варзиш ва ҷомеаи ҷаҳон бисёр муҳим мебошад. Мо ба муддати як сол омодагӣ мебинем, то Бозиҳои олимпиро ба ҷашни ҳақиқии умед, устуворӣ ва ҳамгироӣ табдил диҳем",-иброз дошт Томас Бах.

Президенти КБО дар идома таъкид кард, "Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар соли 2021 метавонад ва бояд рӯшноӣ дар охири нақбе бошад, ки феълан ҳамаи инсонҳо дар он қарор доранд. Мо дар як давраи номуайянии бузург зиндагӣ дорем. Пас дар охири ин марҳилаи барои инсоният душвор, Бозиҳои олимпӣ метавонад рамзи умед, хушбинӣ, ҳамдилӣ ва иттиҳод бошад".

Бах гуфт, ки КБО ва "Токио-2020" метавонанд ба шароити буҳрони коронавирус дар вақти Бозиҳо мутобиқ шаванд. Ӯ афзуд, масъалаи солимии иштироккунандагон барои ташкилкунандагон авлавият дорад. Ташкилкунандагон бояд ба якчанд сенарияи Бозиҳои олимпӣ омодагӣ бинанд.

Раиси “Токио-2020” Йоширо Мори ва Томас Бах умед доранд, ки Бозиҳо бо иштироки тамошогарон баргузор мешавад, вале сенарияи баргузории Бозиҳо паси дарҳои пӯшида низ дар назар дошта шудааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG