Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ ба миқдори $4 млн ба Узбекистон кӯмаки башарӣ овард


Бемористони муваққатии муолиҷаи беморони КОВИД-19 дар Узбекистон.
Бемористони муваққатии муолиҷаи беморони КОВИД-19 дар Узбекистон.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба миқдори 4 миллион доллари ИМА ба Узбекистон кӯмаки башарӣ овард. Ин кӯмакҳо дар мубориза зидди коронавирус сарф мешаванд. Дар ин бора аз намояндагии СММ дар Узбекистон хабар доданд.

Дар хабар омадааст, ки кӯмаки башарӣ дар ду баста ба Узбекистон ворид гардид. Бастаи аввал рӯзи 8 июл, ки аз 619 ҳазор ниқоби шишаӣ ва бештар аз 2 миллион ниқобӣ тиббӣ иборат буд, ворид гардид. Бастаи дувум рӯзи 17 июл ба Узбекистон расид. Ин баста ҳам аз васоили муҳофизати шахсӣ иборат буд.

Кӯмакҳои дарёфтӣ - саҳми Узбекистон дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аст.

XS
SM
MD
LG