Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳтам Назаров аз Бангладеш ба бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе баргашт


Аҳтам Назаров, бозигари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Аҳтам Назаров, бозигари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Капитан ё сарвони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Бангладеш бозӣ мекард, ба бошгоҳи футболи "Истиқлол" -и Душанбе баргашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии бошгоҳи “Истиқлол”, пас аз танаффуси кӯтоҳмуддат ҳимоятгар Аҳтам Назарови 32-сола, ки дар дастаи "Башундара Кингс"-и Бангладеш бозӣ мекард, ба Душанбе баргашт.

Созишномаи нави шартномавии ин футболбози маъруф бо бошгоҳи "Истиқлол" барои якуним сол - то охири мавсими 2021 – ба имзо расид. Пас аз имзои шартнома Аҳтам Назаров тасмим гирифт, ки дар "Истиқлол" таҳти шумораи 20 бозӣ кунад.

Бояд гуфт, ки Аҳтам Назаров қаблан солҳои 2013-2019 дар ҳайати "Истиқлол" бозӣ карда, бо ин даста ба дастовардҳо ва унвонҳои бисёр мушарраф шудааст. Ҳимоятгар бо "Истиқлол" якчанд тамринҳо дошт ва айни замон дар дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" омодагӣ мебинад. Аҳтам Назаров ҳамчун капитан тими миллиро ба бозиҳои расмиву контролӣ ба майдон мебарорад.

Футболбозони тоҷик моҳи сентябр дар сафар ду бозии контролӣ доранд: 3-юми сентябр бо мунтахаби Узбекистон ва 6-уми сентябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ. Баъдан дар бозии расмӣ 8-уми октябр дар хона бо мунтахаби Муғулистон рақобат мекунанд. Инчунин боз як бозии контролиро 13-уми октябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Баҳрайн анҷом медиҳанд.

Моҳи ноябр ду бозии охирини тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "F" баргузор мешавад. Футболбозони тоҷик 12-уми ноябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва 17-уми ноябр дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG