Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештар аз нисфи ҷопониҳо зидди Олимпиадаи Токио мебошанд


Шаҳри Токио, Ҷопон.
Шаҳри Токио, Ҷопон.

Зиёда аз нисфи мардуми Ҷопон муқобили гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар соли равон мебошанд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба як пурсиши афкори ҷомеа, ки телевизиони ҷамъиятии Ҷопон NHK гузаронидааст, хабар додааст.

Мувофиқи маълумоти бадастомада, 35 фоизи ҷопониҳо чунин мешуморанд, ки мусобиқот бояд ба таъхир гузошта шавад, 31 фоизи онҳо тарафдори лағви пурраи Бозиҳои Токио мебошанд. Танҳо 26 дарсади пурсидашудагон ҷонибдори баргузор кардани Олимпиада дар вақти таъиншуда - аз 23 июли соли 2021 ҳастанд.

Бо вуҷуди ин, аксари мардуми Ҷопон гуфтанд, ки онҳо ба баргузории Бозиҳо рағбат доранд. Ҳамин тавр, 71 фоизи пурсидашудагон ба ин ё он тарз ба мусобиқаҳо мароқ зоҳир мекунанд. Ҳамзамон танҳо ҳафт дарсади сокинон ба Олимпиада тамоман таваҷҷӯҳ надоранд.

Қаблан мудири кумитаи тадорукоти Бозиҳо Ҳаруюки Такахашӣ эҳтимоли дубора ба таъхир гузоштани Бозиҳои олимпиро эътироф карда буд. Вай қайд кард, ки пеш аз ҳама, ташкилкунандагон кӯшиш мекунанд Бозиҳоро дар тобистони соли 2021 гузаронанд. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки бекор кардани Бозиҳо тамоман имконнопазир аст, зеро ин ба иқтисодиёти Ҷопон ва ҷаҳон зарбаи бузурге хоҳад зад.

XS
SM
MD
LG