Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд 74 дармонгоҳ ба кори шабонарӯзӣ гузашт


Яке аз бемористонҳои Тошканд.
Яке аз бемористонҳои Тошканд.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон 74 дармонгоҳ ё поликлиника ҳамакнун шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Дар ин бора Барно Одилова, раиси ситоди фаврии мубориза бо коронавирус рӯзи 21 июл хабар дод.

Вай гуфт, дар ҳар кадом дармонгоҳ минтақаҳои хурд таъсис шуда, масъулон таъйин ва вазифаҳояшон мушаххас гардидааст. Масъулон ба хонаи сокинон тамос мегиранд ва иттилоъ ҷамъ меоранд, беморонро дар марҳилаи аввал мушаххас месозанд ва ҳамчунин барои рафъи мушкил мусоидат мекунанд.

Дар ҳар кадоми ин беморхонаҳо маркази тамос таъсис шудааст. Ҳамзамон дастаҳои фаврии ин беморхонаҳо доруҳои заруриро ба беморон мерасонанд.

XS
SM
MD
LG