Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии тими миллии Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022


Дастаи миллии футболи Тоҷикистон.
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, ҷараён дорад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар машғулиятҳо 24 бозигар ширкат меварзад. Ба ҷойи ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар бошгоҳи худ осеб дидааст, ба мунтахаби кишвар нимҳимоятгари бошгоҳи ССКА-и Душанбе Фирӯз Бобиев даъват шудааст.

Сармураббӣ Усмон Тошев мегӯяд, мунтахаби Тоҷикистон, ки ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» омодагӣ мебинад, боз се бозии дигар анҷом медиҳад.

"Ҳафт моҳ боз мо бачаҳоро ҷамъ накардем. Бинобар ин, мо тайёрии онҳоро месанҷем, тест мегирем ва барои моҳҳои август - ноябр нақша мекашем. Моҳи сентябр дар сафар ду бозии контролӣ дорем: 3-юми сентябр бо мунтахаби Узбекистон ва 6-уми сентябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб. Баъдан дар бозии расмӣ 8-уми октябр дар хона бо мунтаби Муғулистон рақобат мекунем. Инчунин боз як бозии контролиро 13-уми октябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Баҳрайн ба нақша гирифтаем. Моҳи ноябр ду бозии охирини мо дар гурӯҳи «F» баргузор мешавад. 12-уми ноябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва 17-уми ноябр дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳем кард”, - гуфт Усмон Тошев.


Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарсе аз «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров («Башундара Кингс», Бангладеш), Аъзамҷон Муродов («Душанбе-83»), Билол Сулаймонов (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»), («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»); Фирӯз Бобиев (ССКА);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

XS
SM
MD
LG