Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" бори аввал дар 64 сол бекор карда шуд


Маҷаллаи "France Footbal" дар сайти худ эълон кард, ки супурдани "Тӯби тиллоӣ" аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2020 лағв гардид.

Ҷоиза бори аввал дар 64 сол - аз рӯзи таъсиси он дар соли 1956 -супурда намешавад. Созмондиҳандагон чунин меҳисобанд, ки бо сабаби пандемияи коронавирус адолат барои ба даст овардани ҷоиза таъмин карда намешавад. Маҷалла афзуд, ки дар ҳолатҳои истисноӣ бо сабаби бӯҳрон ғолибро интихоб кардан намехоҳад.

- Бори аввал аз соли 1956 “Тӯби тиллоӣ” танаффус мегирад. Аз рӯи натиҷагирии соли 2020 ҷоиза супурда намешавад. Мо чунин мешуморем, ки чунин сол наметавонад ва набояд ҳамчун муқаррарӣ ҳисобида шавад. Барои ташаккули афкор ва тасмим гирифтан дар бораи кӣ соҳиби ҷоиза мешавад, вақти кофӣ набуд. Фаромӯш набояд кард, ки бисёр бозиҳо дар шароити ғайриоддӣ доир гардиданд ва ё баргузор мешаванд (дар варзишгоҳҳои дарвозаҳояш пӯшида, бо ивазкунии панҷ бозигар, қисми хотимавии Лигаи қаҳрамонҳо дар шакли ғайриоддӣ баргузор мешавад), - гуфта шудааст дар изҳороти “France Football”.

Охирин маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" 2-юми декабри соли 2019 баргузор шуд. Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси бори шашум ин ҷоизаро ба даст овард ва аз ҳамлагари "Ювентус" Криштиану Роналду, ки панҷ маротиба беҳтарин футболбози сайёра шудааст, пеш гузашт. Йоҳан Кройф ва Марко ван Бастен (ҳарду аз Ҳолланд) ва фаронсавӣ Мишел Платини се бор «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овардаанд.

Бояд гуфт, ки беҳтарин футболбоз ва дарвозабони ҷаҳон ҳар сол тавассути раъйдиҳии хабарнигорони варзишӣ муайян карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG