Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон шумораи фавтидаҳо аз коронавирус ба 610 расид


Яке аз бемористонҳои Қазоқистон.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой рӯзи сешанбе хабар дод, ки шумораи фавтидаҳо аз коронавирус дар ин кишвар ба 610 расид.

Комиссияи давлатӣ сабабҳои марги 150 тани дигарро баррасӣ дорад. Вай нагуфт, ки комиссия сабаби марги чи қадари мубталоёни коронавирусро "бемории дигар" номидааст.

Танҳо аз 13 то 19 июли соли равон дар ин кишвар 210 нафар бар асари коронавирус фавтидааст. 114 ҳолати фавт дар пойтахти Қазоқистон ва 19 ҳолат дар вилояти Алмато ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти қазоқ ҳадди ақал то 1 август шумораи фавтидаҳо бар асари бемории илтиҳоби шушро, ки яке аз нишонаҳои коронавирус аст, ба рӯйхати қурбониёни вируси мазкур шомил намесозанд.

Тибқи иттилои расмӣ, мақомоти Қазоқистон аз аввали соли равон то 15 июл 234 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба бемории илтиҳоби шушро сабт кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 баробар бештар аст. Аз 3327 ҳолати фавт бар асари илтиҳоби шуш 1,5 ҳазораш ба нимаи аввали моҳи июл рост меояд.

Дар Қазоқистон шумори умумии мубталоён ба коронавирус расман ба 73,4 ҳазор расида расида, то ҳол беш аз 60% ё зиёда аз 45000 бемор шифо ёфтааст.

XS
SM
MD
LG