Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бунёди бемористонҳои нави сироятӣ дар Бишкек ва Ӯш


Дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯши Қирғизистон ҳафтаи равон аллакай бунёди беморхонаҳои нав оғоз хоҳад шуд, ки ҳар кадоме ғунҷоиши 100 кати хобро доранд.

Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов 21 июл дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои беморхонаҳо ва қитъаҳои замин барои бунёди онҳо дар ҳоли омодашавиянд.

"Бунёди беморхонаҳо аллакай ҳафтаи равон бояд оғоз шавад. Ниҳоди масъул Оҷонси давлатии меъмориву сохтмон хоҳад буд. Вазорати тандурустӣ масъули таъмини беморхонаҳо бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва интихоби кормандон аст", - афзуд ӯ.

Ҳамчунин гуфта шудааст шуд, ки биноҳои холӣ дар минтақаҳои Қирғизистон бояд ба бемористон табдил дода шаванд.

Дар ҷаласаи онлайнии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо Боронов 20 июл хабар дода шуд, ки омодагиҳо барои бунёди бемористонҳои нави сироятӣ дар Бишкеку Ӯш ҷараён доранд.

XS
SM
MD
LG