118 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба ҳамаи кишварҳо тавсия доданд, ки варзиш ва тарбияи ҷисмониро ба нақшаҳои барқарорсозии пас аз пандемияи Covid-19 ва фаъолияти варзишӣ ва ҷисмониро ба стратегияи миллии рушди устувор ворид кунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар изҳороти муштарак оид ба таъсири Covid-19 ба рушди иҷтимоӣ, имзокунандагон саҳми арзандаи варзиш ва фаъолияти ҷисмониро дар пешбурди бисёр соҳаҳои муҳим, ба мисли маориф ҳамчун омили рушди устувор, сулҳ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, адолат, фарогирии иҷтимоӣ ва тандурустӣ баланд арзёбӣ карданд.
«Дар ин замони душвор, сарфи назар аз амалкардҳои фаврии мо, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои беҳбуди зиндагии мардум муҳиманд. Онҳо ба саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии мо фоида мерасонанд ва барои бартараф кардани стресс ва изтироб кӯмак мекунанд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Кишварҳои узви СММ мутмаинанд, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, инчунин ҳама чорабиниҳои варзишии ба таъхир афтода ҳангоми дубора баргузор шуданашон дар таърихи варзиш ҷойгоҳи хосе хоҳанд дошт. “Ин чорабиниҳо пас аз пирӯзӣ бар пандемия ҳамчун рамзи ваҳдату якдилии инсонҳо хоҳанд монд. Мо ба талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати бо таъхир низ баргузор кардани чорабиниҳо баҳои баланд медиҳем», - таъкид шудааст дар изҳороти мазкур.
Қаблан Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳод даъват кард, ки маблағҳои иттиҳодро барои паст кардани оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 дар соҳаи варзиш истифода баранд.
Илова бар ин, вазирони варзиши 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо чанде пеш изҳорот қабул намуданд, ки дар он аҳамияти варзиш барои ҷомеа дар давраи бӯҳрони COVID-19 таъкид карда шудааст.
Мухтарам Беном сиёсати Амрикоро нафахмида харчи нанавис дар кучо Амрико мехохад толибон дар сари кутрад бошанд .................
Худо рахматаш кунад,хеле овози хуб дошт. Обуруи мо буд.
Ба Avanger. Ҳамаро мисли худат ғулом фикр кардӣ?
Шумо хам ачаб чое ёфтед барои тахсил. Ин казокхо аз кай боз сохиби тачрибаи бузург дар чангхо шудаанд. Хар чизе онхо бо дусти бузургашон русхо медонанд кайхо кухна шудааст. Чанги байни Арманхову Озарихо инро тасдик кард. Ин чанг байни Арманистон ва Озарбочон не балки чанги байни Русия ва Туркия буд. Ин чанг нишон дод ки чигуна бисёро аз тактикахои чангии русии аллакай ба кор намераванд ва бисёре аз техникахояшон мутобик ба замон нестанд. Чун замона дигар шудааст ва тактикаву стратегия чанги хам бояд дигар шавад. Артиши точик кушиш кунад ки бо НАТО хамкори кунад. Ин русхову казоку дигар "бародар"-хо дар асри 20 дармондаанд.
Чабрдида гап доди лекин. Казоко мусулмон нестан гуфтании ха. У чечено мохе нест як точика таги шата накунан. Дигар хамин гапта нагу ки шарманда карди. Хдтон йигит нестен ки пеши чечено мери. Хок зади некем