Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КБО дар давраи пандемия ба кумитаҳои миллии олимпӣ $37 млн ихтисос медиҳад


президенти КБО Томас Бах.
президенти КБО Томас Бах.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои байналмилалиро дар давраи бӯҳрони пандемияи коронавирус ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллар дастгирӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии КБО хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳолати зарурӣ то имрӯз ба федератсияҳои байналмилалӣ 63 миллион ва ба кумитаҳои миллии олимпӣ 37 миллион доллар ихтисос дода шудааст. Ба ғайр аз ин, Шӯрои иҷроияи КБО тасдиқ кард, ки КБО дастгирии кумитаҳои миллиро идома медиҳад ва то охири соли 2020 барои барнома 150 миллион доллар ҷудо мекунад.

Инчунин КБО созмонҳои аз ҷониби КБО эътирофшударо маблағгузорӣ хоҳад кард. Тавре зикр гардид, кумитаҳои миллии олимпӣ ба далели пандемияи коронавирус мавқуф гузоштани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио ба соли 2021 бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шуданд.

"Ҳаракати олимпӣ бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ шудааст. КБО бояд бори аввал ба таъхир андохтани Бозиҳои олимпиро баргузор кунад ва ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар мубориза бо ин бӯҳрони ҷаҳонӣ кӯмак намояд. Ин вазъияти нав тамоми ҳамбастагӣ, эҷодкорӣ, қатъият ва чандириро талаб мекунад. Ҳамаи мо бояд сӯи фидокорӣ ва созиш ҳаракат намоем. Ҳолатҳои фавқулодда чораҳои фавқулоддаро талаб мекунанд. Дар ин вазъият ҳар кадоми мо бояд саҳмгузор бошем ва ин ба ҳамаи мо, аз ҷумла КБО дахл дорад. Мо аз он хурсандем, ки имкони кӯмак дар барномаҳои дастгирии худро дорем", - гуфт президенти КБО Томас Бах.

XS
SM
MD
LG