Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон касоне, ки аз COVID-19 дар хона табобат мегиранд, доруи ройгон мегиранд


Uzbekistan - COVID 19 quarantine in Uzb
Uzbekistan - COVID 19 quarantine in Uzb

Дар Узбекистон мубталоёни коронавирус, ки дар хона табобат мегиранд, доруи ройгон дарёфт хоҳанд кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Узбекистон, дар ин бора дар ҷаласаи ахири комиссияи махсуси давлатии мубориза бо коронавирус ба раҳбарии сарвазир Абдулло Орипов қабул шудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин рӯйхати доруҳое таҳия ва тасдиқ шудааст, ки беморон ройгон дарёфт мекунанд.

Ҳамин тариқ ба мубталоёни коронавирус, ки дар хона аз шакли сабуки беморӣ табобат мешаванд, доруҳои "гидроксихлороксин", "азитромитсин", "паратсетамол", "витамин С" ва ниқобҳои якдафъаина ройгон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG