Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тими миллии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъ меоянд


Тими миллии футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо истифода аз танаффуси сеҳафтаина дар қаҳрамонии кишвар ҷамъомади таълимиву тамринии шашрӯзаро дар Душанбе баргузор мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон 17-уми июл хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, барои гузаронидани аввалин ҷамъомади иимсола рӯзи душанбе, 20-уми июл, ҷамъ меояд. Машғулиятҳои бозигарони тими миллӣ бо реҷаи дукарата дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Рӯзи 20-уми июл дар ин варзишгоҳ номзадҳо ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон – Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирҷон Сафаров, Алишер Баротов, Шарафҷон Солеҳов, Парвизҷон Алиев (ҳама аз «Хуҷанд»), Фатҳулло Бобоев («Файзканд»), Кароматулло Саидов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳар ду аз «Хатлон»), Далер Ёдгоров, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков (ҳама аз «Кӯктош»), Нозим Бобоҷонов, Доробҷон Эргашев, Оятулло Сафаров (ҳама аз «Регар-ТадАЗ»), Шервонӣ Мабатшоев, Фирӯз Бобиев (ҳарду аз ССКА), Исмоилҷон Алимардонов («Душанбе-83»), Файзиддин Каримов, Шерзод Дадабоев, Зуҳриддин Фузайлов, Умедҷон Рамазонов ва Муҳаммадҷон Ризомов (ҳама аз «Барқчӣ») оид ба омодагии ҷисмонӣ санҷида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 8-уми октябр дар Душанбе муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунанд. Баъдан 12-уми ноябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва 17-уми ноябр дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.


Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров («Башундара Кингс», Бангладеш), Аъзамҷон Муродов («Душанбе-83»), Билол Сулаймонов (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Сайф Спортинг Клуб», Бангладеш), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шериддин Бобоев (ҳама аз «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Тоҳир Маладӯстов («Каганат», Қирғизистон), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG