Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф гуфт, ҳеч кас ҳақ надорад дар мактаб аз хонандагон маблағ пурсад


Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ба ҷуз литсейҳо, таҳсил дар ҳама мактабҳои давлатӣ ройгон аст ва ҳеч кас ҳақ надорад аз волидайни хонандагон маблағ талаб кунад.

Ин изҳороти вазорат дар ҳолест, ки волидони мактабхонҳо аз пулталабӣ дар мактабҳо зиёд шикоят мекунанд. "Пули журналу парда ва таъмир" ба гуфтаи волидайн аз ҷумлаи ин пулталабиҳо аст.

Баҳси гирифтани маблағ дар мактабҳо рӯзи 17-уми июл баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва масъулини Вазорати маориф ба миён овард.

Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, талаби маблағ дар мактабҳои давлатӣ, ки таҳсил дар он ройгон аст, қатъиян мумкин нест.

Ба гуфтаи хонум Назирӣ, танҳо дар сурати гирифтани дарсҳои иловагӣ ва ё иштирок дар маҳфилҳои пулакӣ бо розигии волидайн, падару модар метавонанд ба суратҳисоби мактаб маблағ гузаронанд.

"Агар дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳамагонӣ қарордод бо волидайни хонанда ҷиҳати гирифтани дарсҳои иловагӣ ва ҷиҳати иштирок дар маҳфилҳои иловагӣ бошад, онҳо ҳаққи супурдани маблағ доранд. Лекин барои таълим гирифтан дар доираи стандарти давлатӣ, пурра таҳсили онҳо ройгон аст ва ҳеч кас ҳуқуқи гирифтани маблағро надорад",-афзуд Латофат Назирӣ.

Шикояти волидайн аз талаби маблағ дар мактабҳои давлатӣ ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола дар оғоз ва анҷоми соли таҳсил падару модари муҳассилин аз он норозигӣ мекунанд, ки муаллимон аз фарзандони онҳо бо ҳар баҳона пул мепурсанд. Баъзе волидайн мегӯянд, ҳатто барои кӯдаконе, ки ба синфи аввал мераванд, омӯзгорон аз 40 то 200 сомонӣ маблағ талаб мекунанд.

Аммо ин гуруҳи волидон бештар намехоҳанд номашон дар матбуот зикр шавад. Чун аз он ҳарос доранд, ки мумкин аст барои фарзанди онҳо мушкил эҷод шавад.

Масъулини Вазорати маориф ва илм ҳам вуҷуди ҳолатҳои пулталабӣ дар мактабҳоро рад намекунанд ва мегӯянд, чунин шикоятҳо бештар аз Душанбе онҳо мерасад. Ҳарчанд муовини Вазири маориф гуфт, талаби маблағ аз сӯи омӯзгорон қонунӣ нест.

"Додугирифт, масъалаи муомилоти пулӣ бояд дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд надошта бошад. Шояд вуҷуд дошта бошад ба ҳолатҳои истисноӣ, мо инро пайгирӣ мекунем то онро пурра решакан карда, ҳуқуқҳои конситутсионии хонандагонро барои гирифтани таълимоти ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ таъмин карда бошем",-гуфт Латофат Назирӣ.

Дар Тоҷикистон таҳсил дар мактаби миёна ҳатмӣ ва ройгон аст, вале талаб кардани маблағ дар мактабҳо ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола бо шуруъ ва анҷоми соли таҳсил ин мавзуъ доғ мешавад. Ин маблағҳо аксаран бо баҳонаи таъмири мактабҳо аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад. Ҳарчанд мақомотҳои маҳаллӣ борҳо ҷамъ кардани пули таъмири мактаб аз волидайнро манъ кардаанд, вале шикояти сокинон ҳамчунон аз ин кор кам намешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (33)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG