Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави футзал дар Тоҷикистон


Мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 21-уми июл, оғоз меёбад. 16-уми июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии тақвими бозиҳои Лигаи касбии футзали кишвар доир гардид.

Дар мусобиқаи имсола шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – ширкат меварзанд.

Ба иттилои раҳбари департаменти футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев, Лигаи касбии футзали кишвар имсол дар ду марҳила барпо мегардад. Дар марҳилаи аввал, ки 21-уми июл шуруъ мешавад, дастаҳо дар ду давра аз рӯи системи «хона – сафар» рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал ду даста ба нимфинал роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-умро соҳиб мешаванд, дар даври изофаи плей-офф барои муайян кардани боз ду дастаи ширкаткунандаи 1/2 финали қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Бар асоси низомномаи мусобиқа, финал ва бозӣ барои ҷоизаи биринҷӣ аз бозиҳои то се пирӯзӣ иборат аст.

Ба гуфтаи Комрон Шодиев, ҳаққи заҳмати доваронро имсол Лигаи касбии футзали Тоҷикистон пардохт мекунад, инчунин Лига маблағи иҷораи толорҳо барои гузаронидани бозиҳои қаҳрамонии кишварро бар уҳда мегирад.

Пеш аз қаҳрамонии футзали Тоҷикистон бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии кишвар баргузор мешавад. Ин бозӣ бо ширкати дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе, ғолиби мусобиқаи порсолаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ва «Сипар»-и Хуҷанд, ҷоизадори нуқра, рӯзи шанбе, 18-уми июл, дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон соати 14:00 шуруъ мешавад. Бозӣ бе ҳузури тамошобинон доир мегардад.

Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал

18 июл (шанбе)

Оғози бозӣсоати 14:00

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)

Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ

Тақвими бозиҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Давраи аввал

Даври 1-ум

21 июл (сешанбе)

16:00 – «Самандар» – «Муҳоҷир»

16:00 – «Равшан» – «Сипар»

16:00 – «Соро компания» – «Истаравшан»

Даври 2-юм

24 июл (ҷумъа)

16:00 – «Самандар» – «Соро компания»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Сипар»

16:00 – «Истаравшан» – «Равшан»

Даври 3-юм

27 июл (душанбе)

16:00 – «Равшан» – «Самандар»

16:00 – «Сипар» – «Истаравшан»

16:00 – «Соро компания» – «Муҳоҷир»

Даври 4-ум

30 июл (панҷшанбе)

16:00 – «Самандар» – «Сипар»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Истаравшан»

18:00 – «Соро компания» – «Равшан»

Даври 5-ум

2 август (якшанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Самандар»

16:00 – «Равшан» – «Муҳоҷир»

16:00 – «Сипар» – «Соро компания»

Давраи дуюм

Даври 6-ум

19 август (чоршанбе)

16:00 – «Самандар» – «Истаравшан»

30 июл (панҷшанбе)

16:00 – «Соро компания» – «Сипар»

18:00 – «Муҳоҷир» – «Равшан»

Даври 7-ум

22 август (шанбе)

16:00 – «Равшан» – «Соро компания»

16:00 – «Сипар» – «Самандар»

16:00 – «Истаравшан» – «Муҳоҷир»

Даври 8-ум

31 август (душанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Сипар»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Соро компания»

16:00 – «Самандар» – «Равшан»

Даври 9-ум

3 сентябр (панҷшанбе)

16:00 – «Соро компания» – «Самандар»

16:00 – «Сипар» – «Муҳоҷир»

16:00 – «Равшан» – «Истаравшан»

Даври 10-ум

6 сентябр (якшанбе)

16:00 – «Сипар» – «Равшан»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Самандар»

16:00 – «Истаравшан» – «Соро компания»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG