Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар аз соли 2022 ба соли 2026 гузаронида шуд


Сенегал ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) доир ба барҳам додани Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар соли 2022 ва баргузор намудани Бозиҳо дар соли 2026 ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 16-уми июл хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах баъд аз баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала пешниҳоди президенти Кумитаи миллии олимпии Сенегал Маки Салларо ҷонибдорӣ кардааст.

Ба таъхир афтодани Олимпиадаи наврасон “Дакар-2022” имкон фароҳам меорад КБО, кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои байналмилалии варзишӣ фаъолиятҳои минбаъдаашонро беҳтар ба нақша гиранд, ки пас аз як соли таъхири Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва чорабиниҳои бузурги варзишӣ ба далели пандемияи Covid-19 зарари ҷиддӣ диданд.

Дар ин муддат, ҳамчунин Сенегал ба Бозиҳои олимпии наврасон ҷиддӣ омодагӣ мебинад. КБО ва Сенегал медонанд, ки ин хабар барои бисёр варзишгарони ҷавон нороҳаткунанда хоҳад буд, фақат хостаанд ин тасмим дуруст дарк карда шавад.

Ин созиш дар пайи бисёр масъалаҳои амалӣ роҳандозӣ шуд, ки КБО, кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои байналмилалии варзишӣ баъди ба таъхир андохтани Бозиҳои олимпии Токио-2020 рӯбарӯ гардиданд. Бо дарназардошти ин КБО дар оянда низ барои федератсияҳои байналмилалӣ, Кумитаҳои миллии олимпӣ ва ташкилотҳои қитъавӣ барномаҳои мукаммали омӯзишии марбут ба Бозиҳои олимпии наврасонро пешниҳод менамояд.

Созишнома 15-уми июл дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КБО ҷонибдорӣ ёфт ва барои тасдиқ ба Анҷумани КБО, ки 17-уми июл доир мегардад, пешниҳод шуд.

Ёдовар мешавем, қаблан кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ барномаи мусобиқоти Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2022 дар Дакарро тасдиқ карда буд, ки аз рӯи 33 намуди варзиш баргузор мешавад. Ба 28 намуди варзиш боз панҷ намуд - брейк-данс, серфинг, шӯхпаймоии варзишӣ, мавҷбозӣ ва скейтбординг - илова шудааст.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик се бор дар Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон ширкат варзидаанд. Тоҷикистонро дар нахустин Олимпиадаи наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг) медали нуқра ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд. Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи сеюми наврасон дар Буэнос-Айреси Аргентина се варзишгар намояндагӣ кард. Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 66 кило ҷойи нӯҳумро соҳиб шуд. Бежан Файзуллоев дар мусобиқаи тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр дар даври интихобӣ бо натиҷаи 538-7х дар байни 20 нафар ҷойи охиринро гирифт.

Анастасия Тюрина дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфлай ё парвона дар даври интихобӣ дар байни 36 нафар бо натиҷаи 33,37 сония зинаи охиринро ишғол намуд. Баъдан ӯ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод бо натиҷаи 29,92 сония дар байни 53 нафар 42-юм шуд.

Бояд гуфт, ки Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос-Айрес дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар ҳайати дастаи омехта ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер соҳиби медали нуқра гардид.

Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи "Рио-де-Жанейро" ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Вале медалҳои Бежан ва Сулаймон на ба дастаи Тоҷикистон, балки ба тими мунтахаби омехта, ки таҳти парчами олимпӣ ширкат кард, марбут аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG