Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии пешсафон - "Хатлон" ва "Зебо" дар Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan women football team, 21April2020 (photo from FFT website).
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan women football team, 21April2020 (photo from FFT website).

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, баргузор шуданд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар се бозӣ мизбонон ғолиб омаданд, як дидор бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом пазируфт.

Бозии марказии даври чорум миёни пешсафони ҷадвали мусобиқа – “Хатлон”-и Бохтар ва “Зебо”-и Дӯстӣ – бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Баъди ду голи мизбонон – футболбоззанони Бохтар, ки онҳоро Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова ба самар расонданд, меҳмонон бо ду гол посух доданд. Ҳарду голро Меҳрангез Шарипова зад ва «Зебо»-ро аз бохт наҷот дод.

Дар бозиҳои дигари даври чорум “Зебонисо”-и Душанбе бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0, «Бешкент»-и Носири Хусрав бар “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 7:1, “Ҳосилот”-и Фархор бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ва “Барқ”-и Норак бар «Чашма»-и Шаҳритус бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дастаҳои «Хатлон» ва «Зебо», ки 10-имтиёзӣ гирифтаанд, пешқадаманд. «Зебонисо» бо 9 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Зебо», ки дар чор бозӣ ҳашт гол задааст, мақоми аввалро касб намудааст.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 19-уми июл, миёни дастаҳои «Панҷшер» – «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» – «Бешкент», «Равшан» – «Зебонисо», «Барқ» – «Ҳосилот» ва «Зебо» – «Чашма» доир мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона дар ду давра сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона. Даври 4-ум

«Хатлон» – «Зебо» – 2:2

Голҳо: Сайрамҷон Холназарова, 25 (1:0). Лайло Ҳалимова, 37 (2:0). Меҳрангез Шарипова, 38 (2:1). Меҳрангез Шарипова, 76 (2:2).

«Ҳосилот» – «Равшан» – 1:0

Гол: Сабрина Хайруллозода, 28.

«Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ» – 4:0

Голҳо: Марҷона Саидова, 54 (1:0). Мадина Фозилова, 63 – аз пеналтӣ (2:0). Шукронаи Ҷумъахон, 67 (3:0). Нисо Абдуллоева, 73 – аз пеналтӣ (4:0).

«Бешкент» – «Панҷшер» – 7:1

Голҳо: Фотима Раҳмонова, 5 (1:0). Рафина Нормуродова, 11 (2:0). Рафина Нормуродова, 12 (3:0). Нозанин Олимова, 26 (3:1). Рафина Нормуродова, 38 (4:1). Рафина Нормуродова, 60 (5:1). Фазилат Гулбоева, 70 (6:1). Фазилат Гулбоева, 73 (7:1).

«Чашма» – «Барқ» – 1:2

Голҳо: Матлуба Сафарова, 8 (0:1). Матлуба Сафарова, 15 (0:2). Умеда Ҷалилова, 53 (1:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Зебо» (Дӯстӣ)

4

3

1

0

16-2

10

2

«Хатлон» (Бохтар)

4

3

1

0

13-3

10

3

«Зебонисо» (Душанбе)

4

3

0

1

21-2

9

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

2

0

2

17-5

6

5

«Бешкент» (Носири Хусрав)

4

2

0

2

11-6

6

6

«Чашма» (Шаҳритус)

4

2

0

2

8-14

6

7

«Барқ» (Норак)

4

2

0

2

3-14

6

8

«Ҳосилот» (Фархор)

4

1

1

2

2-9

4

9

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

4

0

1

3

3-28

1

10

«Равшан» (Кӯлоб)

4

0

0

4

0-11

0

Нишонзанҳо: Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 8 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 7 тӯб, Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ»), Лайло Ҳалимова («Хатлон»), Мадина Фозилова («Зебонисо») – 6-тӯбӣ.

Даври 5-ум

19 июл (якшанбе)

«Панҷшер» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Бешкент»

«Равшан» – «Зебонисо»

«Барқ» – «Ҳосилот»

«Зебо» – «Чашма»

XS
SM
MD
LG