Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саройкамар" дар бозии Ҷоми Тоҷикистон бо "Панҷшер" мағлуб ҳисобида шуд


Дастаи "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ, ки дар бозии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 муқобили «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ қоидаи ивази бозигаронро вайрон кард, бо ҳисоби техникӣ ё фаннии 0:3 мағлуб ва рақибаш бо ҳисоби техникии 3:0 пирӯз ҳисобида шуд. Ин тасмим 14-уми июл дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гирифта шуд.

Илова бар ин, Кумитаи назорату интизоми ФФТ аз департаменти доварони федератсия дархост кард, ки ба доварон ва нозири ин бозӣ ҷазоҳои сахтро барои беэътиноӣ нисбати корашон татбиқ кунад.

Ёдовар мешавем, бозии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни дастаҳои «Саройкамар» ва «Панҷшер» рӯзи 7-уми июл бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон - футболбозони ноҳияи Панҷ - хотима ёфта буд. Вале «Саройкамар» қоидаи ивази бозигаронро вайрон кард, ба ҷои се нафар дар ҷараёни бозӣ чаҳор касро иваз намуд, ки хилофи қоида мебошад. Ин ҳолат дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ҳамин тавр, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ шаш даста - «Равшан» (Кӯлоб), «Равшан» (Зафаробод), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Моҳир» (Ёвон), «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки бар ҳарифонашон ғолиб омаданд, ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо карданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Марҳилаи муқаддамотӣ

«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер»

(Ҷалолиддини Балхӣ) – 0:3 (натиҷаи техникӣ)

«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:2

«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 6:1

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 0:3

«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон) – 1:4

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:5

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз даври ҳаштякниҳоӣ даҳ дастаи лигаи олӣ ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2020 мепайвандад. Қуръакашии даври ҳаштякниҳоӣ имрӯз, 15-уми июл, дар қароргоҳи ФФТ доир мегардад.

Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила (муқаддамотӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ бар асоси қуръакашӣ муайян хоҳад шуд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG