Даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона натиҷагирӣ шуд. Дар мавсими имсола даҳ даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
Дар бозии марказии даври севум қаҳрамони феълии кишвар – “Хатлон”-и Бохтар - дар меҳмонӣ «Бешкент»-и Носири Хусравро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. “Зебонисо”-и Душанбе “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 14:0 шикаст дод. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба дарвозаи “Ҳосилот”-и Фархор шаш голи беҷавоб зад. “Зебо”-и Дӯстӣ дар меҳмонӣ “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 5:0 мағлуб сохт. «Чашма»-и Шаҳритус дар сафар бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дастаҳои «Зебо» ва «Хатлон», ки 9-имтиёзӣ гирифтаанд, пешқадаманд. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона дар ду давра сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.
Бозиҳои даври чоруми мусобиқа рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, миёни дастаҳои «Хатлон» – «Зебо», «Чашма» - «Барқ», «Ҳосилот» – «Равшан», «Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ» ва «Бешкент» – «Панҷшер» доир мегардад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона «Хатлон»-и Бохтар, ки мақоми аввалро касб намуд, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. “Зебонисо”-и Душанбе, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ба дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ, ки ҷойи севумро азони худ кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона
Натоиҷи бозиҳои даври 3-юм
«Бешкент» – «Хатлон» – 1:2
«Панҷшер» – «Зебонисо» – 0:14
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 6:0
«Равшан» – «Чашма» – 0:1
«Барқ» – «Зебо» – 0:5
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Зебо» (Дӯстӣ) |
3 |
3 |
0 |
0 |
14-0 |
9 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
3 |
3 |
0 |
0 |
11-1 |
9 |
3 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
3 |
2 |
0 |
1 |
17-1 |
6 |
4 |
«Зебонисо» (Душанбе) |
3 |
2 |
0 |
1 |
17-2 |
6 |
5 |
«Чашма» (Шаҳритус) |
3 |
2 |
0 |
1 |
7-12 |
6 |
6 |
«Бешкент» (Носири Хусрав) |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-5 |
3 |
7 |
«Барқ» (Норак) |
3 |
1 |
0 |
2 |
1-13 |
3 |
8 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
3 |
0 |
1 |
2 |
1-9 |
1 |
9 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
3 |
0 |
1 |
2 |
2-21 |
1 |
10 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
3 |
0 |
0 |
3 |
0-10 |
0 |
Нишонзанҳо: Меҳрангез Шарипова («Зебо»), Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ, Умеда Ҷалилова («Чашма»), Лайло Ҳалимова («Хатлон»), Мадина Фозилова («Зебонисо») – 5-тӯбӣ.
Даври 4-ум
15 июл (чоршанбе)
«Хатлон» – «Зебо»
«Чашма» – «Барқ»
«Ҳосилот» – «Равшан»
«Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ»
«Бешкент» – «Панҷшер»
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!