Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ва "Эсхата" - пешсафони лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Бозиҳои лигаи ввали футболи Тоҷикистон.

Даври севуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду даста - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Эсхата»-и Хуҷанд, ки дар даври севум низ ғолиб омаданд, дар ҷадвали мусобиқа бо нӯҳимтиёзӣ пешсафанд.

«Равшан» дар дар майдони худ «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 4:3 шикаст дод. “Эсхата” бар дастаи меҳмон - «Исфара»-и шаҳри Исфара - бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. “Исфара” бо 6 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Дар бозии дигар «Саройкамар»-и Панҷ дар меҳмонӣ «Моҳир»-и Ёвонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод. Инчунин “Ҳулбук”-и Восеъ дар меҳмонӣ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард. «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бар “Шоҳмансур”-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Танҳо як бозии даври севум миёни дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид.

Бозиҳои даври 4-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 16-ум ва 17-уми июл баргузор мешаванд. «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо «Шоҳмансур» ва «Эсхата» дар сафар бо «Панҷшер» рақобат хоҳанд кард. Чаҳор бозии дигар миёни дастаҳои «Ҳулбук» – «Моҳир», «Ваҳдат» – «Барқчӣ», «Равшан» (Зафаробод) – «Саройкамар» ва «Исфара» – «Ҳосилот» сурат мегирад.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 3-юм

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ваҳдат» – 4:3

Голҳо: Далер Шомуродов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Далер Шомуродов, 27 – аз пеналтӣ (2:0). Саидхони Амрохон, 40 (3:0). Самариддин Расулов, 60 (3:1). Абдураҳмон Нозимов, 78 (4:1). Муҳаммад Абдураҳмонзода, 82 (4:2). Фирдавси Файззода, 88 (4:3).

«Барқчӣ» – «Ҳулбук» – 3:4

Голҳо: Анушервони Комилҷон, 12 (0:1). Аваз Қамчинов, 38 (0:2). Умедҷон Рамазонов, 44 – аз пеналтӣ (1:2). Аваз Қамчинов, 76 (1:3). Аваз Қамчинов, 90+1 (1:4). Зуҳриддин Фузайлов, 90+5 (2:4). Муҳаммадҷон Ризомов, 90+5 (3:4).

«Моҳир» – «Саройкамар» – 2:5

Голҳо: Алишер Қурбонов, 18 (1:0). Дилшод Тағоев, 41 (2:0). Акмал Авазов, 58 – аз пеналтӣ (2:1). Акмал Авазов, 61 (2:2). Акмал Авазов, 78 (2:3). Акмал Авазов, 84 (2:4). Ҷонибек Ғаффоров, 90+2 (2:5).

«Эсхата» – «Исфара» – 2:1

Голҳо: Икром Каримҷонов, 5 (1:0). Амирҷон Раҳимов, 76 (2:0). Фирдавс Мусоев, 81 (2:1).

«Панҷшер» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:2

Голҳо: Парвизҷон Деҳқонов, 11 (0:1). Далер Раҷабов, 15 (1:1). Парвизҷон Деҳқонов, 45+1 (1:2). Рустам Назаров, 72 (2:2).

«Ҳосилот» – «Шоҳмансур» – 3:1

Голҳо: Нурулло Содиқов, 9 (1:0). Эмомалии Алиҷон, 22 (2:0). Мирсалим Тоиров, 55 (2:1). Исмоили Сомон, 65 (3:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

3

3

0

0

12-6

9

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

3

3

0

0

11-5

9

3

«Исфара» (Исфара)

3

2

0

1

5-3

6

4

«Ҳулбук» (Восеъ)

3

2

0

1

8-7

6

5

«Саройкамар» (Панҷ)

3

2

0

1

8-8

6

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

3

1

1

1

8-4

4

7

«Моҳир» (Ёвон)

3

1

1

1

8-10

4

8

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

3

1

0

2

11-11

3

9

«Ҳосилот» (Фархор)

3

1

0

2

7-8

3

10

«Равшан» (Зафаробод)

3

0

2

1

5-6

2

11

«Барқчӣ» (Ҳисор)

3

0

0

3

6-9

0

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

3

0

0

3

1-13

0

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 6 тӯб, Умедҷон Азизов («Ваҳдат»), Акмалҷон Авазов («Саройкамар»), Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 4-тӯбӣ.

Даври 4-ум

16 июл (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Ҳулбук» – «Моҳир»

«Ваҳдат» – «Барқчӣ»

«Панҷшер» – «Эсхата»

17 июл (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Саройкамар»

«Шоҳмансур» – «Равшан» (Кӯлоб)

«Исфара» – «Ҳосилот»

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG