Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Томас Бах: "Барҳам додани Бозиҳои олимпӣ нисбат ба таҳвил доданаш осонтар аст".


Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах дар мусоҳиба бо нашрияи фаронсавии “L'Equipe” гуфтааст, ки барҳам додани Бозиҳои олимпии Токио-2020 нисбат ба таҳвил доданаш осонтар аст.

“Вале вазифаи мо ин аст, ки Бозиҳоро ташкил кунем, на барҳам диҳем. Буҳрони ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳамгироӣ ҳам дар варзиш ва ҳам дар ҷомеа бисёр зарур аст. Ман бовар дорам, ки ҳамгироӣ ба ҳамкории зич миёни федератсияҳои байналмилалӣ ва ташкилкунандагони чорабиниҳои бузург боис мегардад”, - иброз доштааст президенти КБО ба хабарнигори “L'Equipe”.

Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, ба ташкилкунандагон мушкилиҳои моддӣ-техникӣ пеш овард. Мушкили асосӣ нигоҳ доштани макони мусобиқаҳо ва шаҳраки варзишгарон, меҳмонхонаҳо, нақлиёт, билетҳо ва ихтиёриён ё волонтёрҳо то ба муддати як соли дигар мебошад. Аз рӯи ҳисоби КБО маблағи изофа барои Бозиҳо 650 миллион долларро ташкил медиҳад.

Қаблан иттилоъ дода шуд буд барои нигоҳ доштани 80 дарсади иншооти Бозиҳои олимпӣ, мисли шаҳраки варзишгарон, ки бояд ҳамчун манзили истиқоматӣ фурухта мешуд, “Tokyo Big Sight”, ки ҳамчун маркази матбуот хидмат хоҳад кард, монеаҳо пеш омадааст.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ бояд аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор шавад, аммо боиси нигаронист, ки гирифторшавӣ ба бемории Covid-19 дар ҷаҳон коҳиш намеёбад. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки барои бехатар гузаронидани Бозиҳои олимпӣ бояд ваксина ихтироъ шавад.

Томас Бах қаблан гуфта буд, вай дарк мекунад, ки чаро Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио бояд лағв шавад, агар доир кардани онҳо дар соли 2021 муяссар нагардад.

Йоширо Мори, раиси Кумитаи тадорукоти “Токио- 2020”, гуфт, ки агар соли оянда пандемияи коронавирус таҳти назорат гирифта нашавад, Бозиҳо лағв мегарданд. Бах гуфт, ки сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба ӯ фаҳмондааст, ки баргузории Бозиҳо дар тобистони соли 2021 "охирин интихоб" хоҳад буд.

"Мо бояд ба сенарияҳои мухталифе, ки барои ташкили Бозиҳо заруранд, омода бошем. Ин ба чораҳои беҳдоштӣ дахл дорад. Мумкин аст барои варзишгарон, барои бархе аз варзишгарон ва дигар иштироккунандагони Бозиҳо карантин талаб карда шавад", - гуфт Бах.

Ҳамзамон, роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, ки намехоҳад Бозиҳои тобистонаи олимпиро дар Токио бидуни тамошобинон баргузор кунад.

"Ин (Бозиҳо бидуни тамошобинон) он чизе, ки мо мехоҳем, нест. Азбаски рӯҳи олимпӣ аз ваҳдати мухлисон иборат аст, маҳз ҳамин чиз Бозиҳоро беназир мекунад, мухлисони тамоми ҷаҳон дар варзишгоҳи олимпӣ ҷамъ меоянд", - илова кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – дар риштаи бокс ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG