Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон бинобар паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад


Шаҳри Тошканд.
Шаҳри Тошканд.

Дар Узбекистон сар аз 13 июл то 1 август ба далели паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад.

Дар рӯзҳои истироҳати 18-19 июл ва 25-26 июл ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла кирокашҳо (таксӣ) манъ мешавад. Ба афроде аз 65-сола боло тавсия мешавад, ки хонашинӣ кунанд.

Комисияи вижа мубориза бо коронавирус дар Узбекистон хабар дод, ки ҳамзамон аз 13 июл парвозҳо ва равуои қатораҳо дар дохили кишвар манъ мешавад. Вазорати нақлиёти Узбекистон пештар аз ин хабар дода буд, ки аз 10 июл то 1 август 5 900 билети қатора ва 330 билети ҳавопаймо фурӯхта шуда буд. Мақомот ваъда кардаанд, ки пули билети мусофиронро бармегардонанд.

Дар Узбекистон сар аз имрӯз ҳамчунин сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн баста мешаванд.

Дар Узбекистон шумори гирифторони вируси корона расман ба 12,4 ҳазор расид, 56 кас аз ин уфунат фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG