Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар Қазон доир мегардад


Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки бояд рӯзҳои 20-27-уми августи соли 2020 дар Қазон пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия доир мегардид, ба далели пандемияи коронавирус ба давраи аз 4-ум то 11-уми сентябри соли равон ба таъхир гузошта шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати варзиши Русия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар ҷаласаи онлайни раҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омодагӣ ва баргузории аввалин Бозиҳои варзишии ИДМ дар Қазон гирифта шуд. Дар рафти ҷаласа иштироккунандагон масъалаҳои ташкилиро муҳокима карда, мубодилаи афкор намуданд.

Ғояи гузаронидани Бозиҳо аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт.

Интизор меравад, ки дар Бозиҳо тақрибан 2500 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 11 кишвари ИДМ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина иштирок мекунанд. Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар Бозиҳо дигар кишварҳоро даъват намояд, ки доираи мусобиқотро васеъ хоҳанд кард.

Иштироккунандагони Бозиҳо дар Деҳаи варзишгарон ҷойгир мешаванд. Дар 21 навъи варзиш мубориза барои 284 маҷмӯи медалҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба барномаи мусобиқот чунин намудҳои варзиш, монанди ҷудо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3x3) дохиланд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо дар 15 иншооти пойтахти Тотористон, монанди Қасри намудҳои варзиши обӣ, Қасри якҳарбаи «Ак Барс», Маркази намудҳои варзиши соҳилӣ, Маҷмааи варзишии «Мирас», Маркази бокс ва тенниси рӯимизӣ, Қасри варзиш ва Варзишгоҳи марказӣ барпо мегардад.

Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои ИДМ дар ду сол як бор баргузор мешавад. Дар доираи мусобиқот ҳамоиши «ИДМ – марзи варзиш» доир мегардад.

Вазорати варзиши Русия нишон ва тилисми аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қазонро тасдиқ кардааст. Кумитаи тадорукоти Бозиҳо мурғи фурӯзонро ҳамчун рамз ва палангро ҳамчун тилисм ё тумор интихоб намуд. Муаллифи тарҳрезии логотип Албина Сафиуллина аз Тотористон мебошад. Тилисмро Иброҳим Дурдиев аз Маскав кашидааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG