Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2020 моҳҳои октябр-ноябр баргузор мешавад


Конфедератсияи футболи Осиё пас аз як қатор мубоҳисаҳои созанда бо аъзои AFC, лигаҳо ва бошгоҳҳо тақвими мусобиқаҳо барои дастаҳои миллӣ, бошгоҳҳо ва мусобиқаҳои футзалро дар соли 2020 таҳия намуд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар минтақаи марказӣ бо иштироки ду бошгоҳи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, инчунин дастаҳои “Алтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) ба таври мутамарказ аз 20-уми октябр то 4-уми ноябр баргузор мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон дархост додааст, ки марҳилаи гурӯҳиро дар минтақаи марказӣ дар Душанбе баргузор кунад.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25-уми ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2-юми декабр баргузор мешавад. Ва бозии ниҳоии Ҷоми AFC 12-уми декабр ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» - дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар гурӯҳи “D», ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошобинон баргузор шуд, бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.

Ҷоми AFC-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – 2:0

20 октябр (сешанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

23 октябр (ҷумъа)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 3-юм

26 октябр (душанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

29 октябр (панҷшанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

1 ноябр (якшанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистоан) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

4 ноябр (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин ба нақша гирифтааст, ки соли 2020 мусобиқаҳои дастаҳои мунтахаби миллии наврасон ва мусобиқоти футзалро бо ҷадвали нав ба анҷом расонад:

қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон (U-19) дар Узбекистон - аз 14 то 31 октябри соли 2020;

қаҳрамонии Осиё оид ба футзал дар Туркманистон - аз 4 то 15 ноябри соли 2020;

қаҳрамонии Осиё (U-16) дар Баҳрайн - аз 25 ноябр то 12 декабри соли 2020;

қаҳрамонии бошгоҳии футзали AFC дар Имороти Муттаҳиди Арабӣ - аз 2 то 13 декабри соли 2020.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG