Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол, ки рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл баргузор шуданд, панҷ дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоиро муайян карданд. Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи муқаддамотӣ 12 дастаи лигаи аввал ширкат варзид.
Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Равшан» (Зафаробод), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Моҳир» (Ёвон) ва «Эсхата» (Хуҷанд), ки бар ҳарифонашон ғолиб омаданд, ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо карданд.
Бозии марҳилаи муқаддамотӣ миёни дастаҳои «Саройкамар» ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони ноҳияи Панҷ хотима ёфт. Вале «Саройкамар» қоидаи ивази бозигаронро вайрон кард, ба ҷои се нафар дар ҷараёни бозӣ чаҳор касро иваз намуд, ки хилофи қоида мебошад. Ин ҳолат дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Марҳилаи муқаддамотӣ
«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер»
(Ҷалолиддини Балхӣ) – 2:1
«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:2
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 6:1
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 0:3
«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон) – 1:4
«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:5
Бояд тазаккур дод, ки аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври муқаддамотӣ шаш даста ба 1/8 финал роҳ меёбад. Аз даври ҳаштякниҳоӣ даҳ дастаи лигаи олӣ ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2020 мепайвандад.
Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила (муқаддамотӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ бар асоси қуръакашӣ муайян хоҳад шуд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!