Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як нафари дигар дар Тоҷикистон аз коронавирус фавтидааст


Қабрҳои нав дар Душанбе
Қабрҳои нав дар Душанбе

Вазорати тандурустӣ гуфт, як нафари дигар дар Тоҷикистон аз коронавируси нав фавтидааст ва шумори расмии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир то 8-уми июл ба 54 нафар расид. Омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд.

Дар Тоҷикистон 7-уми июл тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба иҷро даромад ва бино ба он сокинону расонаҳоро барои нашри ахбори ба истилоҳ “носаҳеҳ” дар бораи бемориҳои сироятӣ ҷарима мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ин василаи фишор ба сокинону хабарнигорон аст.

Ба иттилои расмӣ аз 30-юми апрел то 8-уми июл коронавирус ба 6364 кас дар Тоҷикистон сироят кардааст. Дар як шабонарӯз бемории 49 нафар тасдиқ шудааст.

Дар ин муддат 5011 ё зиёда аз 78 дарсад аз беморон шифо ёфтаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз кам шудани беморӣ ва холӣ шудани шифохонаҳо мегӯянд, Узбекистону Қазоқистон дубора аз афзоиши гирифторон ва сахттар шудани чораҳо хабар доданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар 85 бемористон зиёда аз 7500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб омодаи коранд.

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. То он замон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинонро ба “илтиҳоби шуш” рабт медоданд.

XS
SM
MD
LG