Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври ҳаштуми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Акс аз сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон

Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми июл бозиҳои даври ҳаштуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон ва дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

Пешсафони ҷадвали мусобиқа – “Истиқлол”-и Душанбе, “Хатлон”-и Бохтар ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд пирӯзӣ ба даст оварданд. «Истиқлол» дар меҳмонӣ «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ду голи меҳмононро Алишер Ҷалилов ба самар расонд. Манучеҳр Ҷалилов ва Шериддин Бобоев якголӣ заданд.

«Хатлон» дар майдони худ бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои бохтариҳоро Худойдод Узоқов ва Суннатулло Исмоилов ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд. Голи «Кӯктош»-ро Азизбек Ҳасанов дар дақиқаи охирини бозӣ зад.

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бошад, дар Душанбе бар «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳои Дилшод Бозоров ва Фирдавс Чақалов ба хуҷандиҳо се имтиёз овард.

Дар бозии дигари даври ҳаштум ССКА-и Душанбе дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голи низомиёнро Шервонӣ Мабатшоев ва як голи дигарро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонданд. Як голи меҳмононро Нозим Бобоҷонов вориди дарвоза кард.

Танҳо як бозии даври ҳаштум миёни дастаҳои «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Истаравшан»-и Истаравшан, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом пазируфт. Ду голи душанбегиҳо ба Элчибек Рашидбеков марбут аст, як голи дигарро Хуршед Абдуллоев ба самар расонд. Ду голи «Истаравшан»-ро сартим Илҳом Баротов ва як голи дигарро Қаҳрамон Ҳомидов заданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ҳашт даври мусобиқа дар ҷадвали лигаи олӣ «Истиқлол» бо 22 имтиёз пешсаф аст. «Хатлон» бо 17 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. «Хуҷанд», ки 16 имтиёз гирифтааст, ҷойи севумро касб намудааст.

Бозиҳои даври охирини марҳилаи аввали лигаи олӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми июл баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе, 11-уми июл, се бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» ва «Истаравшан» – ССКА доир мегардад. Ду бозии дигар рӯзи якшанбе, 12-уми июл, миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Душанбе-83» ва «Истиқлол» – «Локомотив-Помир» сурат мегирад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавирус COVID-19 дар кишвар, ки гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва варзиширо бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва амнияти аҳолӣ муваққатан боздошт, тасмим гирифт бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор шаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум

«Файзканд» – «Истиқлол» – 0:4

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 20 (0:1). Шериддин Бобоев, 24 (0:2). Алишер Ҷалилов, 29 (0:3). Алишер Ҷалилов, 43 (0:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

4-уми июл. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 0:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 4 (0:1). Фирдавс Чақалов, 63 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

4-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Душанбе-83» – «Истаравшан» – 3:3

Голҳо: Илҳом Баротов, 17 – аз пеналтӣ (0:1). Қаҳрамон Ҳомидов, 23 (0:2). Элчибек Рашидбеков, 27 (1:2). Хуршед Абдуллоев, 39 (2:2). Элчибек Рашидбеков, 60 (3:2). Илҳом Баротов, 83 (3:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Далер Имомназаров («Душанбе-83»), 55 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

4-уми июл. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

ССКА – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

Голҳо: Дилшод Восиев, 27 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 45+1 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 79 (2:1). Шервонӣ Мабатшоев, 90 (3:1).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА), 45+1 – тӯбро дарвозабон баргардонд.

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:1

Голҳо: Худойдод Узоқов, 25 (1:0). Суннатулло Исмоилов, 86 (2:0). Азизбек Султонов, 89 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Сорбон Авғонов («Хатлон»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

5-уми июл. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

8

7

1

0

38-5

22

2

«Хатлон» (Бохтар)

8

5

2

1

15-11

17

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

8

5

1

2

16-10

16

4

ССКА (Душанбе)

8

3

2

3

11-11

11

5

«Душанбе-83» (Душанбе)

8

3

2

3

9-15

11

6

«Файзканд» (Восеъ)

8

2

4

2

9-14

10

7

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8

2

3

3

8-11

9

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

1

5

12-18

7

9

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

8

1

1

6

7-15

4

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

8

1

1

6

9-24

4

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 7 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 6 тӯб.

Даври 9-ум

11-уми июл (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Кӯктош» – «Файзканд»

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Истаравшан» – ССКА

12-уми июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG