Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 сокини дигари Қазоқистон аз коронавирус


Мақомоти Қазоқистон шоми 22 июн хабар доданд, ки дар ин кишвар 7 ҳолати дигари фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Шаш ҳолат дар шаҳри Нурсултон ва як ҳолати дигар дар вилояти Костанайи Қазоқистон сабт гаштааст.

Ҷамъан шумори онҳое, ки дар Қазоқистон бар асари вируси корона ҷон бохтанд, ба 127 нафар расид.

Даҳҳо фавтидаи дигар, ки натиҷаи санҷиши вирусашон мусбат баромада буд, ба рӯйхати умумӣ роҳ наёфтанд. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, сабаби марги ин афрод на вирус, балки бемориҳои дигар буд.

Дар Қазоқистон шумори мубталоёни коронавирус аз 27 ҳазор гузашт. Давоми як шабонарӯзи ахир 1 ҳазору 471 ҳолати нави мубталошавӣ ошкор шудааст, ки баландтарин нишондод мебошад.

XS
SM
MD
LG