Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо касро дар Тошканд пас аз ду туй ба карантин фиристоданд


Яке аз толорҳои баргузории маросими арусӣ дар Узбекистон.
Яке аз толорҳои баргузории маросими арусӣ дар Узбекистон.

Як сокини ноҳияи Юнусободи Тошканд сарфи назар аз эълом шудани карантин дар робита ба коронавирус ду тӯй баргузор кардааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Узбекистон, дар натиҷаи ҷашн, ки чор рӯз давом кард, яке аз арӯсон ва 12 меҳмон ба коронавирус мубтало шудаанд. Ҳамчунин садҳо нафаре, ки бо мубталоён тамос ё ба тӯйҳо рабте доштанд, санҷиши коронавирус супурданд ва ба карантин гирифта шуданд.

Дар робита ба ин ҳодиса санҷиши эпидемиологӣ идома дорад.

Пештар дар бораи тӯе дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон хабар дода шуд, ки 250 меҳмонаш карантин шуданд.

Дар Узбекистон ба иллати коронавирус аз 8 май карантин эълом шуд. Минтақаҳо ба рангҳо "сурх" (хатарноктарин), "зард" ва "сабз" (амнтар) тақсим гаштанд. Баргузории тӯйҳо танҳо дар минтақаҳои "сабз" ва бо иштироки на бештар аз 30 кас иҷозат дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG